Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

КИТОБДОРИ СОДИҚ БА КАСБ

(аз фаъолияти меҳнатии собиқадори соҳаи китобдорӣ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Султонова Волида)

 

Бо бонувони собиқадору шинохтаКитобхонаҳо аз рӯзгорони куҳан инҷониб маркази ҳамоиши аҳли хирад ва адаб буда, хушбахтона, ин вижагии худро то замони мо интиқол додаанд. Таърих собит месозад, ки ҷомеаи башарӣ барои такомулбахшии афкору ҷаҳонбинӣ ҳамеша ниёзи маънавӣ ба китобу мутолиа дорад. Зеро, ба қавли ҳакими юнонӣ Суқрот, ҷомеа ҳамон вақте ба фарзонагӣ ва саодат ноил мегардад, ки кори рӯзонааш мутолиаи китоб бошад. Барои инсон, новобаста аз вазифа, бахти бузург аст, ки барои мутолиаи китоб дар китобхона фурсат дошта бошад ва ҳам ба дӯстдорони китоб хизмат расонад.  Яке аз чунин одамони саодатманд собиқадори соҳаи китобдориву китобшиносӣ Султонова Волида (06.07.1959) аст, ки зодаю парвардаи  оилаи зиёӣ ва донишдӯсту маърифатпарвар мебошад.

Бо меҳмонони хориҷӣВай баъди хатми мактаби миёна бо тақозои вақт ва замон фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз аз соли 1976 ҳамчун бофанда оғоз карда, муддати ҳашт сол нозукиҳои соҳаи бофандагиро аз худ карда, соҳиби таҷрибаи корӣ шуд. Бофандагӣ ва дӯзандагӣ, ки имсол равнақбахшии он тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сокинони кишвар қарор гирифт, дар ҳама давру замон дӯстдоштатарин пешаи духтарону занони тоҷик буду ҳаст. Маҳз меҳр ба сӯзану ришта, гулдӯзиву нақшбофӣ, ки дар дили қаҳрамони ин навишта ҷӯш мезад, ӯро муддате ба касби бофандагӣ саргарм дошт. Ҳарчанд вай баъди як соли бофандагӣ бо мақсади тағйир додани касб соли 1977 ба таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷик шурӯъ намуда, онро соли 1979 хатм карда бошад ҳам, боз чаҳор соли дигар дил аз ин касб канда натавонист.

Бо устод ФарзонаВай бо маълумоти олии омӯзгорӣ аз 1-уми декабри соли 1984 ба Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун библиографи шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ба кор кабул шуд.

Шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ яке аз шуъбаҳои калидии китобхонаҳо ба шумор рафта, барои дар чунин шуъба фаъолият бурдан библиограф ё китобшинос бояд пеш аз ҳама чашми мутолиа, ҷаҳонбинии васеъ, донишу малакаи таҳлилу баррасии иттилоот, муомилаву муоширати хуб дошта, забондону ҳозирҷавоб бошад. Чунин сифатҳои касбиро библиограф Султонова Волида, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатии ҳаштсолаи бофандагӣ ва таҳсили сесола дар донишкадаи олӣ дар худ рушд дода буд, дар назди китобшиноси шинохта Любов Ремезова ва дигарон боз ҳам сайқал дод. Дар шуъбаи мазкур то якуми ноябри соли 1993 фаъолият бурда, дар самти хизматрасонии библиографӣ ва рушди ин шуъба саҳми худро гузошт. Аз санаи мазкур ба шуъбаи хизматрасонӣ интиқол дода шуд, ки дар ин шуъба ҳам фаъолияти намунавӣ зоҳир кард. 

Бо кормандони Китобхонаи миллӣ дар шуъбаи дастхатҳо

Дар ин шуъба ба ҳамкасбони навкору камтаҷриба вазифаи роҳбариву раҳнамоиро хеле хуб иҷро карда, ба боварии маъмурияти ҳамонвақтаи Китобхонаи вилоятӣ сазовор гардид. Ғайрату кӯшиш, қобилиятнокиву масъулиятшиносияшро ба инобат гирифта, иҷозат доданд, ки, баробари китобдорӣ дар шуъбаи хизматрасонӣ, аз соли 1996 то соли 2001 ҳамчун библиографи шуъбаи маълумотдиҳӣ библиографӣ низ фаъолият барад. Дар ин муддат дараҷаи касбияшро баланд бардошта, аз худ малакаи ташкили кор ва роҳбариро нишон дод. Ин буд, ки аз 1-уми апрели соли 2001 сардори шуъбаи китобҳои соҳаи тиб таъин гардид. Дар ин шуъба то 22-юми апрели соли 2003 фаъолият бурда, бо хоҳиши худ китобдор буданро ихтиёр кард, аммо пайваста дар пайи афзудани таҷрибаву дониши касбӣ буд. Аз 11-уми январи соли 2004  ҳамчун методисти дараҷаи I ва аз 12-уми марти соли 2005 сардори шуъбаи илмӣ-методӣ шуда кор кард.

Ҳангоми хизматрасонӣ ба меҳмони хориҷӣ дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодирСобиқаи меҳнатии 22-сола, сайқалдиҳии пайвастаи донишу таҷрибаи меҳнатӣ ва ташкили кору роҳбарӣ дар самти хизматрасонӣ сабаб шуд, ки Султонова Волида вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасониро ба уҳда гирад. Вай аз 1-уми марти соли 2006 то 4-уми марти соли 2014 муддати ҳашт сол ин вазифаро сарбаландона иҷро карда, барои пешрафти соҳаи китобдорӣ хизмати арзанда намуд. Аз 4-уми соли 2014  то 29-уми декабри соли 2017 вазифаи сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодирро бар уҳда дошт.

Султонова Волида баъди 33 соли фаъолияти корӣ дар Китобхонаи вилоятӣ ба синни нафақа расида, ҳамчун корманди собиқадори соҳаи китобдорӣ рӯзи гусели расмӣ бо ҳамкорону ҳамкасбон аксҳои хотиравӣ гирифта, дар ҳаққи ҷавонон дуои нек кард. Ӯ пас аз китобдорони собиқадор, Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоева Шафоат, Зарипова Хайринисо, Ҷӯраева Моҳинисо аз шумори беҳтарин собиқадорони Китобхонаи вилоятӣ ба шумор меравад, ки тайи се соли охир ба синни нафақа расиданд.

Вай соли 1999 вақте дар шуъбаи хизматрасонӣ фаъолият мебурд, дар озмуни вилоятии “Беҳтарин китобдори сол-1999”  ширкат варзида, соҳиби шоҳҷоиза гардида, минбаъд дар ин озмун ва озмунҳои дигари китобхона ҳамчун довар дар баҳогузории фаъолияти китобдорон ширкат варзид.

Дар ташкил ва баргузории намоиши кушоди китобӣ

Ба ӯ муяссар шуд, ки соли 2008 дар китобхонаҳои ИМА – китобхонаи иёлати Небраска, шаҳри Линколн ва Китобхонаи Конгресс ба бозомӯзӣ сафарбар шавад ва баъди бозомӯзӣ дар самти татбиқи амалии таҷрибаҳои андӯхта дар китобхонаҳои вилоят талош варзад.

Ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятӣ, Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд, Вазорати фарҳанги кишвар меҳнати софдилона, фаъолияти намунавӣ, саҳми арзандаи Султонова Волидаро дар рушди соҳаи китобдорӣ ба инобат гирифта, ӯро соли 2005 бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карданд. Мавсуф барои хизматҳои шоиста инчунин бо Ифтихорномаҳои директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Дастовардҳои китобдори пуртаҷриба на фақат дастовардҳои шахсии ӯ, балки дастовардҳои соҳаи китобдории вилояту ҷумҳурӣ низ мебошад.

Наврӯз

Варақгардонии саҳифаҳои рангини фаъолияти касбии сиюсесолаи Султонова Волида ҳама аз муҳаббати беандозаи ӯ ба китобу китобхона ва садоқат ба касби китобдорӣ паём мерасонад. Бе ҳеч тардид, яқинан метавон гуфт, ки дар як муассиса, новобаста аз тағйирёбандаву таҳаввулпазир будани муҳит ва шароити корӣ, муддати тӯлонӣ фаъолияти пурсамар бурдан далели аз тарафи маъмурият, ҷомеаи меҳнатӣ мавриди қабул қарор гирифтани соҳибкасб ва дорои мақоми хос будани ӯст.

Ҳар як китобдори Китобхонаи вилоятӣ мисли Султонова Волида баъд аз фаъолияти кории тӯлонӣ бо сари баланд ба нафақа баромаданро таманно карда, соҳиби мақом дар ҷомеаи меҳнатӣ ва зиндагӣ шуданро барои худ шараф медонад.

Таҷрибаи корӣ, одоби касбӣ, сифатҳои вижаи китобдорӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонии чунин собиқадорони соҳа аз ҳар ҷиҳат барои китобдорону китобшиносони ҷавон омӯзанда мебошад.  

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ