Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

29.12.2017 ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲА

Санаи 29-уми декабр дар толори Китобхонаи вилоятӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 ҳамоиши идона барпо шуд. Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром аз дастовардҳои кишвари Тоҷикистон дар соли 2017 бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз муҳтавои Паёми навбатӣ сухан оғоз кард. Зимни суҳбат аз дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилоят дар пешрафти кори соҳа ва дастовардҳои Китобхонаи вилоятӣ дар соли 2017 ба китобдорону китобшиносон мухтасаран иттилоъ дод. Ҳамчунин, китоби “Китобхона дар оинаи матбуот”-ро ҳамчун намунае аз натиҷаи заҳмату талоши китобдорони таҷрибаманду боғайрат муаррифӣ кард.

Дар ҳамоиш расми қардшиносӣ ва гусели ду нафар аз кормандони собиқадор ба нафақа дар рӯҳияи хурсандӣ хеле хотирмон сурат гирифт. Муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ахмедов Аҳрорҷон ва сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Султонова Волидахон ба синни нафақа расиданд. Директори Китобхонаи вилоятӣ онҳоро ба муносибати ба синни нафақа расиданашон аз номи ҳамаи ҳамкасбон таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Китобдори соҳибтаҷриба Султонова Волидахон аҳли ҳамоишро ба муносибати Соли нави мелодии 2018 табрик гуфта, эҳтирому муҳаббати худро ба тамоми ҳамкорон изҳор намуда, аз ҳамкориву ҳамнишинии чандинсола бо ҳамкасбон розӣ буданашро хотирнишон кард.

Муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира, сармуҳосиб Қудратова Санавбар, сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳамробоева Мавзуна, сардори шуъбаи табъу нашр Шарифов Шодӣ дар навбати худ ба Ахмедов Аҳрорҷон ва Султонова Волидахон барои раҳнамоиву ҳусни ҳамкорӣ, дастгириву маслиҳатдиҳиҳо, фаъолияти намунаи ибрат миннатдорӣ баён карда, ба онҳо тандурустиву саодати рӯзгорро таманно намуда, ба рӯйи онҳо ҳамеша боз будани дарҳои Китобхонаи вилоятиро, ки китобхонаи ҳама аст, алоҳида ёдрасон шуданд.

Дар рӯзҳои наздик аз таҷрибаи кории ин ду нафар маводи алоҳидаи тарҷумаиҳолӣ барои намунаи ибрат ба кормандони дигар, хусусан ҷавонон манзур хоҳад шуд. Зеро дар ҷомеаи меҳнатие, ки роҳу усули корбариву фаъолияти собиқадорону таҷрибамандон мавриди пайравӣ ва шахсияти онҳо мавриди қадршиносӣ қарор намегирад, пешрафту рушд дар он соҳа ба душвориву монеаҳо дучор мегардад. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ