Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

26.12.2017 СОҲИБИ ТЕҒИ ҶОНБАХШ

Ҳосил кардани таҷрибаи корӣ дар ҳама соҳа муддати тӯлониро талаб мекунад, хоса дар соҳаи тиб, ки барои соҳиби таҷрибаи касбӣ шудан табиб нисфи умри азизашро мебахшад. Албатта қадршиносии чунин табибон барои насли нави шифокорон шоёни ибрат аст.

 

Шуъбаи китобҳои тибби Китобхонаи вилоятӣ баробари хизматрасонӣ ба хонандагон пайваста дар таблиғу ташвиқи ҳаёти солим, қадршиносии табибони собиқадор саҳми арзанда гузошта меояд. Бо ташаббуси сардори шуъбаи мазкур Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Марҳабо ва китобдигарони дигар санаи 26-декабр дар толори китобхона ба муносибати 70-солагии Аълочии тандрустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Қурбонов маҳфили илмӣ-фарҳангии «Соҳиби теғи ҷонбахш» баргузор гардид.

Маҳфил бо намоиши китобӣ-матбуотӣ ва слайди ифодагари зиндагӣ ва фаъолияти табиби мазкур оғоз шуд. Намоишро китобдорони шуъбаи китобҳои тибб ва матбуоти даврӣ ташкил карданд. Слайдро китобдори шуъбаи электронӣ Хокироев Аллоҳқул таҳия намуда,  ба намоиш гузошт.

Баъди расман ифтитоҳёбии маҳфил дар бораи хизматҳои Маҳмуд Қурбонов дар соҳаи тиб сармутахассиси соҳаи ҷарроҳии Раёсати тандрустии вилоят Ӯрунов Баҳодур суҳбат кард.

Намояндаи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Каримов Абдумуталиб табибро ба муносибати 70-умин солгарди ҳаёт табрик гуфта, ба ӯ тандурустиву умри дарози бобаракат  таманно намуд.

Дар навбати худ табибони ҷарроҳ Абдураҳмон Қаҳҳоров, Олим Ғаффоров, Садриддин Раҳимов гузоришҳои «Ҷарроҳи варзида – вориси арзандаи Сино», «Устод ва табиби ҳақиқаткушо», «Бо теғи ҷонбахши Сино»-ро дар тақвияти суханронии сармутахассис Ӯрунов Баҳодур ба самъи иштирокчиён расонданд.

Ҳамчунин дӯсти наздику ҳамсоя, устоди факултети рассомию графикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров С.Олов барои шиносонидани шахсияти табиб аз инсонгароӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ нақл кард.

Директор Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов табибро аз номи китобдорон табрику таҳният гуфта, ҳадяи  рамзии китобдорону китобшиносонро ба ӯ супурд.

Пайвандони Маҳмуд Қурбонов дар васфи табиб, падару бобо шеъру гуфторҳо қироат намуда, зери оҳангу суруди  ҳофизи шинохта Носирҷон Раҳимов рақс ҳам карданд.  

Ҷараёни маҳфилро сардори шуъбаи санъат Умарова Машҳура ҳамчун баранда аз оғоз то поён зери назорат гирифта,  онро ҳусни хотима бахшид.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ