18.12.2017 САРАФРОЗИ МАЙДОНИ СУХАН
Санаи 18-уми декабр ба муносибати 85-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ − Қутбӣ Киром маҳфили илмӣ-фарҳангии “Сарафрози майдони сухан” бо иштироки адибону муҳаққиқон, донишҷӯёну китобдорон, фарзандону пайвандони шоир ва алоқамандони шеъру сухан баргузор гашт.
Нахуст слайди аз тарафи кормандони шуъбаи электронии Китобхонаи вилоятӣ таҳияшуда ба намоиш гузошта шуд. Баъди аз тарафи адабиётшинос Мирсаидов Баҳром расман ифтитоҳёбии маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба сухан баромада, аз ҳаёту фаъолият ва шахсияти Қутбӣ Киром сухан ронда, шеъреро дар тавсифи шоир қироат кард. Дар навбати худ Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, рӯзноманигору нависанда Дадохони Эгамзод, сардабири маҷаллаи илмӣ-адабии “Паёми Суғд”, шоири шинохта Озарахш, шоиру рӯзноманигор Кайҳонӣ Сӯфӣ (Коинот) аз солҳои ошноиву ҳамсуҳбатӣ, шогирдиву баҳрабардорӣ нақлҳое аҷибе карда, аз ашъори Қутбӣ Киром намунаҳо хонданд.
Муҳаққиқу шоир Нуралӣ Нурзод маърӯзаи ҷолиберо таҳти унвони «Идомаи суннатҳои шеъри классикӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром» ба самъи иштирокчиён расонид, зимнан аз таъсирпазириҳои Қутбӣ Киром аз ашъору афкори Бедил далелҳои илмӣ овард. Корманди шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ Шарифов Шодӣ дар гузориши худ саҳми Қутбӣ Киромро дар инъикоси фарҳанги мардумӣ бо овардани абёту порчаҳои шоҳид аз шеърҳои озод, ғазалу рубоӣ, достону манзума нишон дод.
Донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва китобдорон аз ашъори Қутбӣ Киром қироат карданд.
Иштирокчиён дар оғоз ва поёни чорабинӣ бо намоиши кушоди матбуотиву китобии фарогири маҷмӯаҳои ашъори Қутбӣ Киром шинос шуданд.
***
Қутбӣ Киром 18-уми декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ҳамчун ходими адабӣ фаъолият бурдааст.
Баъдан вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриётҳои «Ирфон»-у «Адиб»-ро бар дӯш дошт.
Шеъри аввалинаш соли 1957 дар моҳномаи «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст.
Ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои зиёди шоир ғунҷоиш ёфтаанд.
Муаллифи қиссаи «Қатли Туғрал», драмаҳои «Торҳои муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғайра мебошад.
Ашъори шоир ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, литвонӣ, чехӣ ва дигар забонҳои олам тарҷума гардидаанд.
Қутбӣ Киром намунаҳои осори У.Шекспир, М.Лермонтов, Н.Некрасов, А.Блок, М.Исаковский, В.Инбер, М.Рилский, В.Костров, Ф.А.Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, Б.Карбобоев, Қ.Қулиев ва дигаронро ба то¬ҷикӣ тарҷума намудааст.
Соли 2002 бо дастури Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтахаби ашъори Қутбӣ Киром зери унвони «Ёр меояд» ба нашр расида, чун туҳфа дар арафаи ҷашни 70-солагии шоир дастраси муштариён шуд.
Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷоизаи адабии ба номи Қутбӣ Киромро созмон додааст, ки он ҳамасола ба шоирони соҳибистеъдод эҳдо мешавад.
Ин суханвари машҳур дар сафарҳояш ба Фаронсаву Эрон, Туркияву Арабистон, Канадаву Чехословакия ва чандин ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз Тоҷикистони азиз пайғоми шоирона мебурд.
Истеъдоди ӯро устодони вақти адабиёт дарёфта, соли 1963 барои ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пази¬руфта шуданаш ба хушнудӣ раъй доданд.
Қутбӣ Киром Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил карда буд.
Дар ашъораш сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ, таҷрибаи рӯзгор, меҳри Ватан, ифтихори сарзамини аҷдодӣ, нағмаи мурғони хушилҳон, садои обшорон, навҳаи нойи чӯпон, хандаи духтарон, ғаму шодии модарони чашминтизор, гирудору шӯхиҳои кӯдакону наврасон бо камоли суханварӣ ифода ёфтаанд. Шоир аз кӯҳ тамкину субот, аз чашма таровату назофат, аз моҳ танҳоравию устуворӣ, аз офтоби тобон меҳрубонӣ омӯхта, ин ҳамаро тавассути шеърҳояш тараннум мекард.
Меҳрномаҳои адибон Мирзо Турсунзода, Расул Ғамзатов, Олҷас Сулаймонов, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошим, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Кароматуллоҳи Мирзо, Камол Насрулло, Субҳон Тӯйғун, Усмон Олим, Додохони Эгамзод, Озарахш, Суруш, Нуралӣ Нурзод, Баҳром Мирсаидов ва садҳо шоиру нависандаи дигар аз мақоми баланди шоирӣ, озодманишию бебокӣ, зарофатгӯию маҳфил-ороӣ, хуштакаллумию хушсуханӣ ва соҳиби беҳтарин хислатҳои одамӣ будани устод Қутбӣ Киром паём мерасонанд.
Устод Қутбӣ Киром 26-уми октябри соли 1995 дар айни камолоти эҷодӣ аз дунё даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе канори устодони бузурги сухан ба хок супурда шуд.
Мероси адабии шоир дар китобҳои зерин манзури алоқамандони шеъру сухан гардидааст:
1. «Парвози меҳр» (Душанбе, 1963).
2. «Бӯи нон» (Душанбе, 1965).
3. «Илҳом» (Душанбе, 1968).
4. «Запах хлеба» (Душанбе, 1969).
5. «Рези кӯҳсор» (Душанбе, 1970).
6. «Остони баланд» (Душанбе, 1972).
7. «Камон» (Душанбе, 1974).
8. «Хоки пайвандӣ» (Душанбе, 1974).
9. «Чашмаи дил» (Душанбе, 1976).
10. «Напевы вершин» (Москва, 1976).
11. «Ҷонфидо» (Душанбе, 1978).
12. «Горный кряж» (Москва, 1979).
13. «Қуллаҳои ноаён» (Душанбе, 1979).
14. «Сангпул» (Душанбе, 1980).
15. «Сари баланд» (Душанбе, 1982).
16. «Мост времени» (Москва, 1983).
17. «Закон любви» (Душанбе, 1985).
18. «Дили бародар» (Душанбе, 1985).
19. «Нишот», (Душанбе, 1986).
20. «Зиндагӣ дар назм», (Душанбе, 1988).
21. «Субҳи содиқ» (Душанбе, 1989).
22. «Халат из бекасаба» (Душанбе, 1991).
23. «Нафаси озод» (Душанбе, 1992).
24. «Қатли Туғрал» (Душанбе, 1993).
25. «Нома аз роҳи дур»(Хуҷанд, 2002).
26. «Ёр меояд» (Душанбе, 2002).
27. «Аз гулу хоку шуълаи оташ» (Хуҷанд, 2008).
28. «Минбари виҷдон» (Душанбе, 2012).
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ