Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

13.12.2017 ҲАДЯИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН БА КИТОБХОНА

     Боиси сипоси афзун аст, ки тавассути сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Покистон, ҷаноби Ҷононов Шералӣ Сайдамирович ба махзани Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 25 нусха китоби хаттию чопӣ, амсоли «Ойини Акбарӣ», «Девони Бедил», «Оламгирнома», «Девони Зебуннисо», «Таърихи Ҷаҳонгирӣ», «Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Покистон», «Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи Панҷоб» ва дигар осори арзишманди маҳфуз дар китобхонаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон дастрас шуд.

     Ин осори арзишманд мавриди истифодаю бардоштҳои судманди олимону муҳаққиқони ватанӣ гардида, на танҳо дар такмили махзани китобии китобхона, инчунин ҷиҳати омӯзиши мероси гаронмояи таърихию адабӣ ва илмии ниёгонамон корсоз хоҳанд омад.

     Китобҳои электронии ёдшударо докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод ҳангоми ширкат дар конфронси байналмилалии «Бузургдошти аллома Иқболи Лоҳурӣ» ҳамчун армуғони сафири соҳибфазилати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Покистон қабул карда, ба бахши электронии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ эҳдо намуд.

     Итминони комил дорем, ки намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ минбаъд низ барои ғаномандии хазинаҳои маънавии миллати тоҷик ин навъ хадамоти судмандро беш аз пеш роҳандозӣ хоҳанд кард.