12.12.2017 «ТАҚВИМИ САНАҲОИ ҲУМОЮНӢ-2018» АЗ ЧОП БАРОМАД
Ҳамасола китобшиносони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ барои осон кардани кори кормандони соҳаҳои гуногун дар таҷлили ҷашнвораҳо, солгардҳои афроди барӯманд ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ тақвим омода месозанд. «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2018», ки барои соли оянда пешбинӣ шудааст, дар сатҳи хеле хуб таҳия гашта, тавассути нашриёти «Меъроҷ» аз чоп баромад.
Китобдорон ва кормандони муассисаҳои фарҳангию илмӣ ва соҳаҳои гуногун барои харидани «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2018» ба маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муроҷиат намоянд.
Барои намуна пешгуфтори «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2018» пешкаши алоқамандон карда мешавад:
Пешгуфтори «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2018»
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ