Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

11.05.2017 Маҳфили гиромидошти Мирсаид Миршакар дар китобхона-филиали №1 шаҳри Хуҷанд

Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар аз зумраи адибони номвари адабиёти муосири тоҷики садаи ХХ мебошад, ки мактаббачагон ашъори нобу ширини кӯдаконаашро бо мароқ ҳифз мекарданду мекунанд. Илова бар сурудани шеър, Мирсаид Миршакар ба эҷоди асарҳои драммавӣ ва таълифи мақолаҳои таҳқиқӣ машғул мешуд ва ҳамчун ходими ҷамъиятӣ дар таблиғу ташвиқи сиёсати даврони зиндагияш саҳмгузор буд. Мутолиаи асарҳои ин адиби тавонои асри ХХ аз ҳар ҷиҳат барои хонандаи навраси имрӯз ҳам муфиду судманд аст. Номи ин шоири зиндаёд дар ҳофизаи халқи тоҷик то ҷовидон ҷой хоҳад дошт.

Санаи 11- уми майи соли 2017 бо ташаббуси китобдорони  толори кӯдакон ва наврасон, китобхона-филиали №1 ва хонандагони МТМУ№ 22 маҳфили шеърхонӣ, намоиши китобӣ, таҳти увони «Шоире, ки дили кӯдакона дошт» бахшида ба 105-солагии шоир ва драмматурги тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирсаид Миршакар баргузор гардид.

Нахуст аз тарафи кормандони толори кӯдакон ва наврасон слайд, ки фарогири ҷанбаҳои  гуногуни зиндагонии Мирсаид Миршакар  буд, ба   намоиш гузошта шуд

Мудири толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо оид ба ҳаёт ва фаъолияти нависанда ба  ҳозирин маълумот дод. Аз тарафи хонандагони синфи 3а – Холматов Билолиддин, Умаров Ҷаҳон, хонандагони синфи 5в - 5б Ҳайдарова Наргиса, Сулаймонова Шукрона, Ғайратзода Ганҷина, Хоҷаев Баҳриддин, Қодиров Амонҷон, Мухамедова Фотима, Усмонова Муҳиба ва ғайраҳо аз ашъори шоир шеърҳо қироат гардид. Дар рафти чорабинӣ рақси гурӯҳӣ аз тарафи хонандагони синфи 5б иҷро карда шуд.

Дар намоиши китобӣ асарҳои зерини Мирсаид Миршакар: «Айёми ҷавонӣ», «Ғунчаҳои хандон», «Қишлоқи тиллоӣ ва Панҷи ноором», «Асарҳои мунтахаб», «Муаллими ишқ», «Гунҷишкак», «Мо аз Помир омадем», «Куллиёт, ҷилди 2-3» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар охир китобдори китобхона- филиали №1 Ҳайдарова Замира суханронӣ намуда, дар мавриди аҳамияти тарбиявии ин маҳфил андешаҳои худро баён кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ