29.11.2017 МАҲФИЛИ ГИРОМИДОШТИ ТАБИБИ ЗИНДАЁД СУЛТОНХӮҶА ӮРУНОВ ДАР КИТОБХОНА
Аз тарафи кормандони шуъбаи адабиёти тиббии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ нимаи дуюми санаи 29-уми ноябр чорабинӣ бахшида ба ёдбуди Табиби хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии тандурустии ИҶШС, дорандаи ордени Ленин Султонхӯҷа Ӯрунов (1932-1990) баргузор гардид.
Маҳфил бо суханронии сарвари китобхонаи марказӣ Мирсаидов Баҳром оғоз гардид. Номбурда зикр кард, ки шахсияти камназиру фаъолияти содиқонаи касбии ин табиби писандидаи дилу дидаи мардум сабаби ҷовиданомии ӯ гаштааст. Табиб, ҷарроҳи бачагонаи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 Нуров Абдуфаёз пеш бурдани маҳфилро ба уҳда гирифт.
Саодат Аминҷонова - муовини сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маърӯзаи «Табиби покизасиришт» суханронӣ намуда, доир ба хизматҳои шоёни шодравон Султонхӯҷа Ӯрунов ёдрас гардид.
Мушовири Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 Ҳакимов Ғуфрон дар мавзӯи «Табиби ташаббускор» ба сухан баромада, доир ба фаъолияти пурсамари табиби мавсуф андешаҳои хешро иброз дошт.
Духтури амрози дарунии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 Мамадҷонов Абдулло бо маърӯза таҳти унвони «Ҷарроҳи варзида, вориси арзандаи Сино» суханронӣ кард ва аз мақому манзалати волои Ӯрунов Султонхӯҷа дар соҳаи тиб ёдовар шуд. Аз гуфтаҳои духтури мазкур равшан шуд, ки таҷрибаомӯзии касбии Ӯрунов Султонхӯҷа соли 1953 дар ноҳияи Ашт гузаштааст. Духтури навкору хушмуомила он сол дар деҳаи Понғоз, хонаи Мамадҷонов Абдулло зиста, бо аҳли оилаи онҳо хеле унс гирифта будааст. Пизишки номбурда нақли аҷиберо аз охирин рӯзи зиндагонии шодравон Ӯрунов Султонхӯҷа ба самъи иштирокчиён расонид:
“Султонхӯҷа Ӯрунов рӯзи шанбе ба ман занг зада, аз “саломатӣ”-и мошинам пурсиданд. Гуфтам, ки “дуруст” аст, яъне омодаи хизмат мебошад. Маро ба наздашон даъват карданд. Рафтам, ки бемори навро муоина мекарданд. Баъд аз анҷоми муоина либосҳояшонро иваз карда, ба мошин савор шуда, ба тарафи Сомғор ҳаракат карданро амр доданд. Ба Сомғор расидем, гуфтанд, ки мошинро ба тарафи Ашт ронам. Дар дуроҳаи Булоқ бо амри он кас ба тарафи колхози Калинин самти ҳаракатро тағйир додем ва дар он ҷо бо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Имомназар Хӯҷаназаров вохӯрда, тахминан 10 дақиқа суҳбат карданд. Аз он ҷо ба колхози Правда рафтем бо роҳбару коргарони он колхоз ҳам гарму самимӣ вохӯрӣ ва хайру хуш карда зуд, баромадем. Ба дуроҳаи Булоқ расидем, амр карданд, ки мошинро ба самти Шайдон гардонам. Ҳамин тариқ ба Понғоз расидем. Вақте ба дари ҳавлиамон наздик шудем, гуфтанд: -Абдуллоҷон, бӯйи зирбаки оши палов меояд. Ба ҳавлӣ ворид шудем, модарам, ки дар ҳақиқат машғули ошпазӣ буданд, баромада, моро пазируфта, хеле хурсанд шуданд. Султонхӯҷа Ӯрунов ба ташвишҳои модарам нигоҳ карда, гуфтанд: - Ошро тезонед, шуд. Мо бояд зудтар ба шаҳр баргардем... Вақти хайру хуш аз чашмҳои модарам ва Султонхӯҷа Ӯрунов ашк мерехт. Ман ҳайрон мешудам, зеро чунин ҳолатро байни ин ду инсони наздик бори аввал мушоҳида мекардам. Ба мошин нишастем. Бегоҳ ба шаҳри Хуҷанд омадем... Пагоҳ соати 5 саҳар ҳамкорон занг заданд, ки Султонхӯҷа Ӯрунов бемори вазнинанд, зуд ба Беморхона биёям... То омадам, ки он кас ин ҷаҳонро падруд гуфтаанд...
Ҳанӯз рози сайру вохӯриҳо ва суҳбатҳои охирини Султон Ӯрунов, ки як рӯз пеш аз марг ба вуқуъ пайваст, бароям муаммост...”
Корманди хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов - Каримхӯҷаев Исохӯҷа бо маърӯзаи «Хотираҳои неки шифокор» ба сухан баромада, лаҳзаҳои гуногунро аз фаъолияти мавсуф ба ҳозирин нақл кард. Фармудаи ҳикматангези устоди худро вай ишоратан ба иштирокчиён чунин ба забон овард: “-Дигаронро бад нагӯ, то худат хуб шавӣ”.
Духтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар мавзӯи «Табиб ва бузургмарди асил» сухан кард ва дар аснои суҳбат таъкидан чунин гуфт:
“- Ҳар сухани неке, ки дар васфи Ӯрунов Султонхӯҷа мегӯям кам аст, зеро маҳз бо роҳнамоӣ ва сарварии он кас дар зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ ба муваффақиятҳо ноил гашта, соҳиби обрӯву иззат шудаам.”
Дар охир Холматова Раъно – духтари шодравон Ӯрунов Султонхӯҷа барои ташкили чорабинӣ миннатдории хешро ба кормандони Китобхона, махусан, ба сарвари он Баҳром Мирсаидов изҳор дошт.
Сардори шуъбаи адабиёти тиббӣ Раҷабова Марҳабо аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят барои ҳамкорӣ бо табибон ва ташкили чорабиниҳои дорои аҳамияти тарбиявӣ бо Ифтихорнома қадршиносӣ гардид.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ