Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

29.11.2017 ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТИИ КИТОБДОРОН

Дар толори Китобхонаи вилоятӣ ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» нимаи аввали санаи 29-уми ноябр доир гардид.

Маҳфилро сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳамробоева Мавзуна ҳусни ифтитоҳ бахшида, доварони озмун­ шоири маҳбуб Толиби Карими Озарахш – раиси ҳакамон, аъзо – шоирону муҳаққиқони шинохта Нуралӣ Нурзод, Сурайё Ҳакимова, Баҳром Раҳматов, сармутахассиси Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд Шодиева Ободаро ба иштирокчиёни озмун шинос кард.

Доварон бо тартиби муайян иштирокчиёни озмун–хонандагонро аз рӯйи феҳрасти китобҳои мутолиакардаашон як-як дар ҳузури китобдорону омӯзгорон ва роҳбарон имтиҳон карданд. Онҳо ба ҳар як иштирокчӣ панҷ савол дода, аз рӯйи ҷавобҳои хонандагон хол гузоштанд.  Барои шаффоф ҷараён гирифтани озмун комиссияи ҳисоб ташкил дода шуд, ки аъзои он баробари ҳакамон холҳои ба дастовардаи ҳар як иштирокчиро саривақт ба қайд гирифтанд. Дар натиҷа аз ҳаждаҳ хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумии ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Гулистону Бӯстон, Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Конибодому Панҷакент ва Хуҷанд  “Шоҳҷоиза”-и озмун – Планшетро хонандаи синфи 8 МТМУ№28 ба номи Нисоев Сайфиддини шаҳри Панҷакент Насриддинова Раъно бо ба даст овардани 242 хол соҳиб гардид.

Барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур хонандаи синфи 9 МТМУ№10 шаҳри Хуҷанд Шарифова Фирӯза (236 хол), хонандаи синфи 9 МТМУ№1 шаҳри Истаравшан Шарифхоҷаев Бобоҷон (226 хол), хонандаи  синфи 11 МТМУ№46 ноҳияи Айнӣ Самадов Абдусамад (215 хол), хонандаи МТМУ№17 шаҳри Хуҷанд Норматова Мафтуна (214 хол), хонандаи МТМУ№65 шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Ҳувайдуллоева Ёсуман (211 хол), хонандаи синфи 10 МТМУ№10 шаҳри Исфара Амакова Малоҳат (209 хол) бо туҳфаҳою Ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз натиҷаи озмунҳои вилояти “Китобдори сол-2017” ва “Китобхонаи намунавӣ” ҷамъбаст ва ғолибони онҳо муайян карда шуд. Сардори Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд Орифҷон Набиев туҳфаҳо ва Ифтихорномаҳоро ба ғолибону фаъолони озмунҳо супорида, ба онҳо барори кор ва тандурустиву хонаободӣ таманно кард ва умедвор шуд, ки дар оянда низ барои рушди соҳаи китобдорӣ саҳми сазовори худро хоҳанд гузошт.

Хотиррасон бояд кард, ки озмуни вилоятии “Китобдори сол-2017” соли ҷорӣ бо усули нав ташкил ва баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти озмун саволҳо, тестҳо ва пурсишномаҳоро аз соҳаҳои китобдориву китобшиносӣ, таърих, ҷуғрофия, забону адабиёт, санъат,  фанҳои дақиқ ба миқдори 50 номгӯ таҳия карда, ба кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас намуд. Китобдорон-иштирокчиёни озмун дар муддати 10 рӯз ҷавобҳои худро омода сохта, ба унвонии Кумитаи тадорукот ва ҳакамон ирсол карданд. Ҳайати ҳакамон муовини сардори Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд Рустамова Парвина− раиси ҳакамон, аъзо: директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром, ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира, сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳамробоева Мавзуна, сардори шуъбаи табъу нашр Шарифов Шодиқул ҷавобҳои китобдоронро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳогузорӣ карданд. Аз рӯйи натиҷагирии ҳакамон китобдори Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон Султоналиева Ширинмоҳ бо ба даст овардани 33 хол соҳиби “Шоҳҷоиза”− чангкашак шуд. Маҳкамова Шаҳноза китобдори Китобхонаи бачагонаи ноҳияи  Деваштич бо 32 хол ҷойи аввал, Раҳматова Зулайхо китобдори  Китобхонаи вилоятии бачагона бо 29 хол ҷойи дуюм, Бомуллоева Заррина китобдори шаҳри Панҷакент бо 28 хол ҷойи сеюмро ишғол карда, соҳиби туҳфаҳо­-васоити рӯзгор ва Ифихорномаҳо гардиданд.

Китобдорон Акрамов Акмалхӯҷа аз шаҳри Исфара (27 хол),  Шарипова Ҳалима аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (27 хол), Наимова Умеда аз ноҳияи Зафаробод (25 хол),  Қосимова Марҳабо аз шаҳри Бӯстон (22 хол),  Дадобоева Масъуда аз шаҳри Хуҷанд (21 хол), Раҷабова Мавзуна аз шаҳри Хуҷанд (21 хол) барои иштироки фаъолона бо туҳфаҳои ҳавасмандсозӣ ва Ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятӣ мукофотонида шуданд.

Дар озмуни “Китобхонаи намунавӣ” ғолибиятро китобдори  китобхона-филиали №23 шаҳри Панҷакент Расулова Мақсуда барои ороишу тазйини ба талабот ҷавобгӯи муҳити корӣ, дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои соҳавӣ ба даст оварда, соҳиби “Шоҳҷоиза”−Принтер ва Ифтихорномаи Раёсати МИҲД вилояти Суғд гардид.

Дар ин озмун китобдори китобхонаи марказии шаҳри Конибодом Собирова Гулчеҳра, китобдори китобхона-филиали №1 шаҳри  Исфара Пирматова Меҳрӣ, китобдори китобхонаи бачагонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асророва Мавҷуда, китобдори китобхона-филиали №19 ноҳияи Ҷаббор Расулов Убайдуллоева Мунира, китобдори китобхона-филиали№5 ноҳияи Ашт Ашӯрматова Идоятмоҳ, китобдори китобхона-филиали №36 ноҳияи Айнӣ  Ҷӯраев Намозбой, китобдори китобхона-филиали №23 ноҳияи Спитамен Дӯсматова Гулчирой, китобдори китобхона-филиали №1  ноҳияи Мастчоҳ Устоева Азизмо барои тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намунавӣ дар озмуни “Китобхонаи намунавӣ” бо ҳадяҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Ғолибону иштирокчиёни озмунҳо нисфирӯзӣ сари як пиёла чой ва хӯроки миллӣ суҳбатҳои гарму самимӣ ороста, андешаҳояшонро аз натиҷаҳои баргузории озмунҳои “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ”, “Китобдори сол-2017”, “Китобхонаи намунавӣ” баён карда, ҳамдигарро барои ба дастовардҳои тоза ноил шудан ташвиқу тарғиб намуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ