24.11.2017 РАМЗИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Ҳамкориҳои судманди китобдорони Китобхонаи вилоятӣ бо китобдорону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бештар дар якҷоя баргузор кардани чорабиниҳои гуногунмазмун сурат мегирад.
Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобдорони шуъбаи толори хониш ва толори кӯдакону наврасони Китобхонаи вилоятӣ бо ҳамкории китобдор ва омӯзгорону толибилмони мактаби хусусии “Ирфон” конфронси хонандагон дар мавзӯйи “Рамзи ҳастии давлат ва ифтихори миллат” баргузор карданд.
Хонандагони мактаби хусусии “Ирфон” бо роҳбарии китобдори мактаби мазкур Раҷабова Наргиса дар даромадгоҳи толори китобхона бо намоиши китобию матбуотии аз тарафи кормандони толори хониш ташкил кардашуда ошно гардиданд. Дар оғози конфронс сардори шуъбаи толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо дар бораи мафҳум, таърихи Парчами давлатӣ ба хонандагон маълумот дод.
Сипас аз тарафи хонандагони синфи 7”а” Азизова Зарина, Олимиён Устоолим, Мирзоев Осимӣ, Ёдгоров Шаҳриёр, Воҳидов Аюбҷон, Мухамадҷонова Меҳрангез Суруди миллӣ бо оҳанг қироат карда шуд. Хонандагони синфи 6”в” Мамадов Фариддун, Юсупова Муҳаррам, Ғаниева Мафтуна дар васфи Парчам ва дигар рамзу муқаддасоти давлативу миллӣ шеърҳо ва гуфторҳо қироат карда шуд. Рақси гурӯҳӣ аз тарафи
хонандагони синфи 4”б” Каримзода Сабрина, Қаҳҳорова Фирӯза, Пӯлотова Мусаламма, Абдувоситзода Мафтуна дар суруди «Хуҷанд» иҷро гардид. Талабагон Ёдгоров Шаҳриёр, Воҳидов Аюбҷон, Мухамадҷонова Меҳрангез аз таърихии парчамдории тоҷикон ба тариқи саволу ҷавоб ба ҳамдарсонашон иттилоъ расонданд.
Китобдорони Китобхонаи вилоятӣ ва китобдору омӯзгорони мактаби хусусии “Ирфон” мақсад доранд, ки дар оянда барои ба китобу китобхонӣ бештар љалб кардани наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани онҳо чунин чорабиниҳои муштарак доир хоҳанд кард.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ