Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

21.11.2017 БОНУИ НЕКСИРИШТ ВА СОҲИБФАЗИЛАТ

Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд. Ин навбат дар доираи ҷашни 100-солагии китобхона маҳфили фарҳангии «Бонуи нексиришт ва соҳибфазилат» ба муносибати 70-солагии собиқадори соҳаи фарҳанг ва иттилоот, Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Мирсаидова баргузор шуд.

Баъди тамошои слайди ифодагари зиндагӣ ва фаъолияти соҳибҷашн директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов бо муаррифии меҳмонони олиқадр ва баёни мақоми бонувони пешқадам дар ҷомеа маҳфилро расман ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сардори Раёсати фарҳанги МИҲД‑и вилояти Суғд Орифҷон Набиев табрикоти раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба муносибати 70-солагии  Муҳаббат Мирсаидова қироат карда, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

 Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов дар суҳбати худ оид ба фаъолияти меҳнатӣ, хизматҳои соҳибҷашн дар рушди соҳаи китобдорӣ ва телевизиону радио изҳори назар кард. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, муаррих Усмонҷон Ғаффоров ёдовар шуд, ки талошу заҳматҳои Муҳаббат Мирсаидова, аз ҷумла дар инъикоси раванди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саҳифаҳои таърихи навини фарҳанги Тоҷикистон сабт шудааст.

Аз суҳбату суханҳои табрикии собиқадорони соҳаи китобдорӣ ва Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Раҳимова ва Алиҷон Бобоев маълум гардид, ки соҳибҷашн баъди даҳ соли роҳбарии Китобхонаи вилоятӣ то имрӯз ҳамчун маслиҳатчӣ ва сарвари намуна дар пешравии кори китобдорон саҳми арзанда гузошта меояд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг ва иттилооти вилояти Суғд Қодирова Фотима, рӯзноманигори телевизион ва радиои вилояти Суғд Мунаввара Мирзоумарова, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд Ҳабиба Ҷалилӣ, намоянда ва масъули ҳизби коммунисти вилояти Суғд Мубинҷон Маҳмудов, ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ Биҳоҷал Раҳимова дар навбати худ ба сухан баромада, хизматҳои шоистаи соҳибҷашн ва мақоми маънавии ӯро дар тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва иттиллот бесобиқа ва баланд арзёбӣ карданд.

Дар поёни маҳфил Муҳаббат Мирсаидова ба сухан баромада, бо фурӯтаниву хоксории зебанда ба шахсияташ ба ҳамаи китобдорон ва ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдорӣ баён кард.

Қадршиносии ашхоси барӯманд бо баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар дили насли наврас ва ҷавони кишвар меҳру муҳаббат ба касбу меҳнат, халқу Ватан бедор карда, омили рушди тарбияи маънавии аҳли ҷомеа низ мегардад.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ