Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

21.11.2017 СУҲБАТ ДАР МАВЗӮЙИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Эҳтиром ба Парчам ва муқаддасоти фарҳангӣ-миллӣ аз гузаштаи дур барои тоҷикон ҳамчун анъанаи нек то имрӯз расида омадааст.

Барои ин ки мо ин анъанаро ҳифз намуда, ба ояндагон интиқол диҳем, бояд барои ба насли наврасу ҷавон дар бораи таърихи пайдоиш, аҳамият ва арзиши Парчами миллӣ ва рамзҳои давлативу муқаддасоти миллӣ иттилоъ додан тадбирҳои  зарурӣ андешем. Бо ин мақсад санаи 21-уми ноябр китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ ба муносибати рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯйи “Дирафши Ковиёнӣ нахустин рамзи давлатдории тоҷикон” дар толори хониши шуъба бо хонандагони доимӣ суҳбат барпо карданд. Китобдори шуъба Очилова Зуҳро дар суҳбат ба хонандагон оид ба таърихи Парчами давлатӣ аз замони Коваи оҳангар то даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, зимнан хотирнишон кард, ки аз соли 2009 инҷониб дар кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин тадбир дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим мебозад.

Китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ тасмим гирифтаанд, ки чунин суҳбатро бо ташкили намоиши матбуотӣ-китобӣ дар нуқтаҳои китобдиҳӣ низ барпо намоянд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ