Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

15.11.2017 “ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДАР АКСҲО”

Аз таърих ва таҷрибаи китобхонаҳо маълум аст, ки китобдорон барои тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи сиёсати фарҳангӣ баробари баргузории чорабиниҳои соҳавӣ намоишҳои дастовардҳои панҷсола, даҳсолаи давраи худро  бо ҳамкории рассмону суратбардорони номӣ доир мекардаанд.

Чунин иқдом дар Китобхонаи вилоятӣ низ собиқаи дерина дорад. Бори охир моҳи ноябри соли 2015 дар ошёнаи дуюми Китобхонаи вилоятӣ намоиши расмҳои суратбардор ва сайёҳи тоҷик, шаҳрванди Русия Акмал Усмонов доир гашта буд, ки дар он фарҳангӣ миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти Тоҷикистон таблиғу ташвиқ шуда буд.

Чунин намоиш бо ташаббуси Ҷамъияти Дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Китобхонаи вилоятӣ дар ошёнаи якуми Китобхонаи вилоятӣ аз санаи 15-ум то 20-уми ноябр ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи саодатофарини ХVI доир мегардад. 

Намоиш “Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар аксҳо” ном дошта, дар он зиёда аз 100 акс-асари узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ёров Шуҳрат ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоиш расман соати 1000 санаи 15-уми ноябр кори худро бо иштироки ҳаводорони аксҳо-асарҳои ҷолиб ва кормандони ВАО оғоз кард. Дар чорабинӣ баъди сухани ифтитоҳии масъули Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов намояндагони консулгарии Русия ва сафорати Қирғизистон, маркази маърифатии “Маънавият”-и ӯзбекони вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Насиба Эшонова, устодони шеъру сухан Озарахш, Нуралӣ Нурзод, таърихшинос Сафаралӣ Эркаев ва худи суратбардор Ёров Шуҳрат баромад карданд. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ