Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

10.11.2017 ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ» БАРГУЗОР ГАШТ

Даври шаҳрии озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 10-уми ноябр бо иштироки 14 толибилми довталаб, ки аз рӯйи омадагӣ ва пешниҳоди феҳрасти китобҳои хондашуда ба озмун роҳ ёфта буданд, дар сатҳи хеле баланд доир гашт.

Дар озмун Ашрапов Дадоҷон (хонандаи синфи 8 МТМУ№27), Баҳромзода Зардушт(хонандаи синфи 8 Гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ), Ботурова Мадина (хонандаи синфи 5 МТМУ№23), Исоева Манзура (хонандаи синфи 10 МТМУ№40), Исломова Манижа (хонандаи синфи 7 МТМУ№3), Мирсаидова Таҳмина (хонандаи синфи 10 МТМУ№26), Раупов Ҷаҳонгир (хонандаи синфи 9 МТМУ№3), Раҳматуллоева Умеда (хонандаи синфи 11 МТМУ№3), Султонов Аъзамҷон (хонандаи синфи 2 Гимназияи №4), Содиқова Онаҷон (хонандаи синфи 7 Мактаби хусусии «Пӯлодов»), Шамсиева Муслима (хонандаи синфи 7 МТМУ№19), Шарифова Фирӯза (хонандаи синфи 9 МТМУ№10), Ҳоҷибобоева Мунира (хонандаи синфи 5 МТМУ№8), Иброҳимзода Маҳастӣ (хонандаи синфи 8 Мактаби хусусии «Ирфон») баъди интихоб намудани рақамҳо барои ширкат як-як мавриди озмоиши ҳакамон қарор гирифтанд.

Ҳакамон Султонова Волидахон– сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, Ҳамробоева Мавзуна–сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, Шомуҳадаминов Ноил– магистранти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон ­Ғафуров бо сарварии Ахмедов Аҳрор–ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ аз рӯйи баҳогузорӣ хонандаи синфи 9 МТМУ №10 шаҳри Хуҷанд Шарифова Фирӯзаро барои иштирок дар даври вилоятии озмун пешбарӣ карданд.

Аз миёни иштирокчиён хонандаи синфи 2 Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд Султонов Аъзамҷон ҳангоми саволу ҷавобҳои озмоишӣ ду ғазал аз Хоҷа Камол ва ду ҳикоят аз «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ қироат карда, собит намуд, ки ҳифзи ашъори ноби классикон барои хонандагони синфҳои поёнӣ, агар тарбиятгару омӯзгор ғамхор бошад, имконпазир аст.

Барои Султонов Аъзамҷон ва ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асириро аъзои ҳакамон ва директори Китобхонхонаи мазкур Мирсаидов Баҳром супориданд.

Иштирокчиии озмун Ашрапов Дадоҷон ба маъмурият ва китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои хизматрасонии хуб ва муомилаи баланди касбӣ миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, ки ӯ бо китобдорони китобхона узви «як оила»  мебошад. Дар охир иштирокчиён дар даромадгоҳи Китобхона сурати хотиравӣ гирифтанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ