Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

03.11.2017 МАҶМӮАИ ОСОРИ УСТОД АСКАР ҲАКИМ БА КИТОБХОНА ЭҲДО ШУД

Соли равон маҷмӯаи осори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, мунаққид ва ходими ҷамъиятию сиёсӣ устод Аскар Ҳаким  бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба нашр расид.

 Санаи 30-юми октябр «Маҷмӯаи осор»-и Аскар Ҳаким, ки шомили ҳафт ҷилд мебошад, бо теъдоди  1400  нусха бо мақсади ройгон тақсим  намудан ба китобхонаҳои вилоят ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ворид гардид.

Ҷилдҳои якуму дуюм фарогири ашъори тозаи  шоир буда, дар ҷилди сеюм мақолоти муаллиф перомуни вежагиҳои анвои шеъри ғиноии нимаи дуюми садаи ХХ ғунҷоиш ёфтаанд.

Дар ҷилди чаҳорум рисолаҳои тадқиқотӣ ва мақолаҳо оид ба авзои адабиёти муосири тоҷик, нақди адабӣ, масъалаҳои баҳсбарангези шеъри классикӣ ва вазъияти ҷомеаи имрӯз ҷой дода шудаанд.

Дар ҷилди панҷум чеҳраҳои адабӣ, мақолаву тақризҳо, аввалсухану охирсуханҳо ба китобҳои адибон, мусоҳибаҳо, баҳсу мунозираҳои Аскар Ҳаким дар бораи адабиёт, адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷик ҷой дода шудаанд.

Ҷилди шашум шомили тарҷумаҳои бадеии ин адиб буда, дар он бахши «Дӯзах»-и «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Алигери Данте,  манзумаи Михаил Лермонтов «Хазинадорзани тамбовӣ», китоби шеърҳои шоири арман Геворг Эмин «Аср. Замин. Ишқ», ашъори шоирон Ярослав Смеляков, Емелиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Каладзе, қиссаи Васил Биков «Сотников» намоишномаи А.Коломиетс «Фариштаи ваҳшӣ» маҷмӯа гардидаанд.

Ҷилди ҳафтум фарогири ёддоштҳои мухтасари Аскар Ҳаким зери унвони «Гуфтор дар бораи худ», рисолаву мақолаву тақризҳои муҳаққиқон оид ба эҷодиёти адиб ва шеърҳои ба ӯ бахшида мебошад.

Мо устод Аскар Ҳакимро бо нашри «Маҷмӯаи осор» ва хонандагону мухлисони ӯро бо ин тӯҳфаи гаронқадр табрик менамоем.

Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ