Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

03.11.2017 НАМОИШИ КИТОБӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ба намоиш гузоштани китобҳо аз рӯи мавзӯъ имкон фароҳам меоварад, ки истифодабарандагон маълумоти барои худ лозимро аз асарҳои гуногун дарёфта, дониши худро биафзоянд ва иттилоотро мавриди муқоиса қарор диҳанд.

Ин аст, ки китобдорони толори хониш баробари хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ба муносибатҳои гуногун намоишҳои китобӣ ташкил ва баргузор менамоянд. Онҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия зери сарлавҳаи «Конститутсия–меҳвари давлат» намоиши китобӣ ташкил карданд, ки аз он хонандагон ба таври васеъ истифода бурданд.

Рӯйхати китобҳои ба намоишгузошташуда:

  • Конститутсияҳои Тоҷикистон: Пайдоиш ва инкишоф.–Душанбе: Дониш, 2014.– 838 с.
  • Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.– Душанбе: Адиб, 2011.– 56 с.
  • Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.– Душанбе: Шарқи озод, 2009.– 520 с.
  • Президенти мо! Эмомалӣ Раҳмонов.– Душанбе: 2006.– 344 с.
  • Саодатномаи халқ.– Хуҷанд: Хуросон, 2014.– 320 с. бо расмҳо.
  • Қавлу қасами миллат.– Хуҷанд: 2004.– 72 с.
  • Садоқат.– Душанбе:СИ Ахмедов Рӯзӣ, 2014.– 200 с.
  • Тоҷикистон дар маҷрои ҷаҳонишавӣ.– Хуҷанд: Меъроҷ, 2014.– 192 с.
  • Хайруллоев С. Башорати қонун.– Душанбе: Деваштич, 2003.– 170 с.
  • Солиҷонов Н. Саҳмгузорони ҳуқуқии Истиқлолияти Тоҷикистон.– Хуҷанд: Хуросон, 2016.– 116 с.
  • Танзим файзу баракати зиндагонист.– Хуҷанд: Ношир, 20016.– 92 с.
  • Таъмини волоияти қонун заминаи муҳими тҳкими Истиқлолияти давлатӣ.– Хуҷанд: Ношир, 2010.– 276 с.
  • Эркаев С. Конститутсия – шоҳсутун ва шиносномаи давлат.– Хуҷанд: Нури маърифат, 2014.– 88 с.
  • Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.– Душанбе: Бухоро, 2014.– 156 с.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ