Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

31.10.2017 ИҶРОИ НАҚШ ДАР САҲНА – ИНКИШОФИ НУТҚИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Санаи 31-уми октябр бо ташаббуси шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар толори маҷлиси Китобхонаи вилоятӣ донишҷӯёни фаъоли факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии муаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Абдукаримова Фирӯза донишу маҳорати забондонии худро дар ҳузури ҳамдарсон нишон доданд.

Маҳфилро муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира оғоз карда,  дар бораи аҳамияти забономӯзӣ, донистани забонҳо ва ҳамкории факултети забонҳои хориҷӣ бо Китобхонаи вилоятӣ сухан гуфт.

Баъдан барандагон – донишҷӯёни гурӯҳи 401 Нуруллоев Афзал ва Ҷабборова Фарзона чорабиниро, ки “Famous English and American writers” (“Адибони маъруфи англисиву амрикоӣ”) ном дошт, ҳусни оғоз бахшида, то охир пеш бурдани онро ба уҳда гирифтанд.  Онҳо дар сухангӯиҳояшон таъкид карданд, ки донишҷӯён барои инкишофи нутқ усули хуби тамрин–иҷрои нақш дар саҳначаҳоро интихоб намудаанд.

Донишҷӯи гурӯҳи 307 Зокирова Соро дар бораи рӯзгор ва осори шоиру мутафаккири англис Љон Милтон (1608-1674), ки бештар бо асари “Биҳишти гумшуда”-аш дар адабиёти ҷаҳон маъруф аст, маълумот дод.

Ҳамин тариқ дар идома се саҳна аз асарҳои “Othello”, “King Lear” , “Romeo and Juliet”  -и Уилям Шекспир  ба намоиш гузоштанд. Дар намоиши порча аз асари “Othello” донишҷӯёни гурӯҳи 303  Ҳасанова Дилшода (нотиқ -teller), Мурзалиева Манижа (хизматгор-servant), Эгамназарова Шаҳноза (Дездемона-Desdemona), Ӯзбекова Баҳринисо      (хизматгор - servant), Шарифов Мирзамаҳмуд (Lago), Усмонов Бахтовар (Отелло - Othello) нақшофарӣ карда, забондонияшро санҷиданд.  Дар намоиши порча аз асари “King Lear”  донишҷӯёни гурӯҳи 303 Ҳамдамов Ваҳобҷон дар нақши King Lear, Маҳмудова Ирода дар нақши Cordelia - духтари шоҳ, Алиева Шаҳло  дар нақши Regan - духтари шоҳ, Латипова Гулноза дар нақши Goneril - духтари шоҳ, Нӯъмонова Мавзуна дар нақши servant - хизматгор, Норматова Файина ҳамчун teller-нотиқ бозида, маҳорати забондонияшонро сайқал доданд. Дар намоиши порчае аз асари “Romeo and Juliet” донишҷӯёни гурӯҳи 307 Исмоилова Нигора (Juliet- Ҷулет), Ашуров Аҳмадшоҳ (Romeo - Ромеа),  Воҳидова Машҳура (teller - нотиқ), Солиев Ҳусенбой  (Frear Lorens), Негматова Шаҳноза (Juliet’s nurse - парастори Ҷулет) Шарифов Мирзомаҳмуд (Mercutyo - Romeo’s friend- рафиқи Ромео), Усмонов Бахтовар (Juliet’s father- падари Ҷулет), Бобоҷонов Саидзокирхон (Tybalt - cousin of Juliet -  писари амакаи Ҷулет) бо бозидани нақш донишафзоӣ намуданд.

Дар поёни маҳфил китобдори шуъбаи адабиёти хориҷӣ Амонова Муҳаббат ба донишҷӯёни дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзида китоб туҳфа карда, дар таҳсил барояшон барор таманно намуд.

Донишҷӯён баъд аз чорабинӣ ҳангоми гирифтани аксҳои хотиравӣ  хеле самимона камбудиҳои ҳамдигарро дар талаффузи дурусти калимаву ибора ва ҷумлаҳои англисӣ рӯбарӯ гуфта,  аз комёбиву пешрафти ҳамдарсон шод мешуданд. Онҳо бо баргузор кардани ин чорабинӣ–дарси амалӣ на фақат худашон малакаи забономӯзияшонро афзуда ҷаҳонбинияшонро вусъат бахшиданд, балки ба дигар ҳамдарсон намунаи ибрат шуданд ва роҳи осони сайқал додани инкишофи нутқро нишон дода тавонистанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ