АЗ ТАЪРИХИ ЯК КИТОБХОНАИ ШАХСӢ ДАР ИСТАРАВШАН
Китобхона – мизи барои ҳама кушодаи ғояҳост, ҳар кас ғизои маънавӣ ҷӯяд, барои пайдо карданаш ба сӯи он мешитобад. Он анбори эҳтиётист, гурӯҳе афкору андеша ва кашфиётҳои худро дар он гузошта рафтаанд, акнун дигарон аз онҳо истифода мебаранд.
А.И. Гертсен
Сад сол пеш ҳукумати Шӯравӣ барои татбиқи ғояҳои сиёсии худ сабаби қафомондагиву бесаводии мардуми Осиёи Марказиро дар оммавӣ набудани донишомӯзӣ ва вуҷуд надоштани китобхонаҳо дониста, баробари кушодани мактабҳову китобхонаҳо ин андешаро дар мафкураи миллатҳои сарзамини мазкур, аз ҷумла тоҷикон ҷо кард. Ин аст, ки имрӯз ҳам баъзе зиёиёни мо андешаи мазкурро бидуни он ки аз диди фарҳанги миллӣ таҳлилу баррасӣ намоянд, ҷонибдорӣ менамоянд.
Вуҷуди китобхонаҳои назди мадраса ва дарборҳо далели нисбатан оммавӣ будани китобхонӣ дар шаҳрҳо аст, ки ҷойи баҳс нест. Аммо дар ҳар деҳаҳо низ муаллими мактабдор буд ва назди ӯ вазифаи савод омӯзонидани ҳамдеҳаҳо меистод. Ӯ бо истифода аз китобхонаи шахсӣ ба талабагон дарс медод ва дар хату савод пайдо кардани онҳо саҳм мегузошт. Шогирдони болаёқат метавонистанд аз китобҳои китобхонаи вай андархӯри донишу биниш истифода баранд. Муаллимони соҳиби мактабу китобхона маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Бедилхонӣ», «Шабистонхонӣ» барпо мекарданд. Ин ҷо равшан мешавад, ки мақоми китобхонаҳои шахсӣ дар рушди маънавии ҷомеа камтар аз мақоми китобхонаҳои оммавӣ набудааст. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид мекунанд: «Дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд».
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо афроди зиёде зиндагӣ кардаанд, ки омӯхтан ва пайравӣ кардани кору фаъолияти онҳо барои баланд бардоштани фарҳангии китобхониву китобдории мардум ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард. Яке аз чунин инсони наҷиб, китобдӯсту китобхон, дорусози собиқадор, гиёҳшинос Акбар Бобохоҷаев ба шумор мерафт. Номбурда 3-юми августи соли 1936 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1955 мактаби миёнаи №1 ба номи Максим Горкийро хатм карда, минбаъд барои такмили дониш донишҷӯи Омӯзишгоҳи дорусозии шаҳри Душанбе гардид. Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба зодгоҳаш омада, дар дорухонаи №3 ба ҳайси ассисент (дорусоз) фаъолияти кориашро оғоз намуд. Соли 1961 ба Донишгоҳи дорусозии шаҳри Тошканд шуъбаи ғоибона дохил шуда, онро бо ихтисоси провизор-технолог хатм кард. Акбар Бобохоҷаев дар дорухонаи №3 40 сол бефосила ва босарбаландӣ фаъолият бурдааст. Ӯ дар ин муддат аз коргари оддӣ: дорусоз, ресептор, ҷонишин, мудири дорухона ва ниҳоят то ба дараҷаи директори Иттиҳодияи истеҳсолии «Форматсия»-и шаҳри Истаравшан расидааст. Бояд гуфт, ки ӯ дар ин самт мутахассиси нахустин ба ҳисоб рафта, барои зиёд кардани кормандони ин соҳа кӯшишу талошҳои зиёде кардааст. Бо тавсия ва хизматҳои ӯ зиёда аз 30 ҷавони лаёқатманди шаҳри Истаравшан соҳиби маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси дорусозӣ гаштанд. Бо роҳбари ва дастгирии ӯ дар шаҳр 12 дорухонаи мустақил таъсис дода шудааст.
Пас аз фаъолияти тӯлонӣ соли 1996 бо тантана ба нафақа гусел намуданд. Донишу таҷрибаи касбӣ ва тавоноии ҷисмонӣ барои ӯ имкон дод, ки то охири умр беморонро бо гиёҳҳои шифобахш бо усулҳои санҷидашудаи тиббӣ табобат кунад.
Акбар Бобохоҷаев барои фаъолияти босамари намунавӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гашта, бо нишонҳои Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии мудофиаи санитарии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии ҷамъияти китобдӯстдорони Иттиҳоди Шӯравӣ ва даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ қадрдонӣ шудааст. Дили ин марди хирадманд, идомадиҳандаи анъанаи китобдории миллӣ дар замони Шӯравӣ ва даврони Истиқлолият санаи 23-юми феврали соли 2017 аз задан бозмонд. Аммо номи нек ва фаъолияти фарҳангдӯстонаи ӯ намунаи имрӯзиён ва ояндагон аст.
Яке аз самтҳои фаъолияти ғайрикасбии Акбар Бобохоҷаев мутолиа ва гирдоварии китоб буд. Ӯро барои китобдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои олии маънавӣ аъзои Раёсати ҷамъияти китобдорони ИҶШС интихоб карданд ва муддати 5 сол аъзои он буд. Ин марди фарҳангдӯст аз ҳисоби китобҳои мутолианамуда ва гирдовардааш соли 1976 дар шаҳри бостонии Истаравшан китобхонаи шахсӣ бо номи «Кошонаи Саъдӣ» таъсис дод. Махзани ин китобхонаи шахсӣ имрӯз аз 10 ҳазор нусха китобҳои гуногунсоҳа зиёд мебошад. Муҳаббату ихлоси Акбар Бобохоҷаев ба шеъру шахсияти Саъдии Шерозӣ, ба вижа ба асарҳои ҷовидонаи «Гулистон»-у «Бӯстон»-и ӯ сабаб шуд, ки ӯ номи китобхонаашро «Кошонаи Саъдӣ» гузорад. Китобхонаи ӯ дар ошёнаи дуюми хонаи истиқоматиаш ҷой гирифта, хеле хуб ҷиҳозонида шудааст. Дар рафҳои он китобҳои гуногун аз рӯи соҳаҳо: илмӣ, сиёсӣ, таърихӣ, тиббӣ ва бадеӣ гузошта шудаанд. Бахше аз китобҳои «Кошонаи Саъдӣ» китобҳое мебошанд, ки шоирону нависандагон бо соядаст махсус барои ин китобхона тақдим кардаанд. Илова бар ин дар рафи алоҳида албомҳои суратҳои шахсони барӯманди шаҳри Истаравшан гузошташуда, лавҳаҳои панду ҳикматҳои шоирон, гуфторҳои гуногунмазмун даруни онро зеб медиҳанд.
Ба «Кошонаи Саъдӣ» одамон аз гӯшаву канори мамлакат ба ташриф оварда, фикру мулоҳизаҳои худро ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ дар дафтари хотиравии он баён намуданд. Аксари шоирони номвари тоҷик меҳмони ин китобхона шуда, бо Акбар Бобохоҷаев суратҳои хотиравӣ гирифта, китобҳояшонро туҳфа кардаанд.
Натиҷаи чунин вохӯриву нишаст ва суҳбатҳоро андешаҳоро Акбар Бобохоҷаев дар китоби алоҳидае бо номи «Адибон дар ситоиши «Кошонаи Саъдӣ»» гирд овардааст. Ҳамчунин дар бораи ин китобхонаи шахсӣ дар аксар рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ садҳо хабару мақолаҳо нашр гардидааст. Дар машҳуртарин рӯзномаи «Правда» навиштае бо номи «Личная библиотека» (Китобхонаи шахсӣ) дарҷ шудааст, ки «Кошонаи Саъдӣ» дар он барои сокинони ИҶШС муаррифӣ гардида буд.
Ҳоло иқдоми фарҳангофарини ин шахси китобхону китобдӯстро писараш Анвар Бобохоҷаев идома дода истодааст.
Таҳияи методисти шуъбаи илмӣ-методӣ
Юнусова Мавлуда