28.10.2017 ШАНБЕГӢ ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ
Ниёгони зебоипарасти мо ба тозаву озода нигоҳ доштани хонаву дар, кӯчаву маҳал ва деҳаву шаҳрҳо аҳамияти хос медоданд. Ин анъанаи нек то имрӯз ба шаклҳои гуногун дар байни мардуми мо вуҷуд дорад. Тавваҷҷуҳи мардуми шаҳри Хуҷанд ба масъалаи тозагиву озодагӣ зиёд аст.
Онҳо ҳар субҳ атрофи хонаҳояшонро об зада, рӯфта, аз чизҳои нолозим тоза месозанд. Ҳамчунин ба тозагии муҳити кории муассисаҳову корхонаҳо диққати махсус дода, шанбегиҳои умумишаҳрӣ ташкил мекунанд.
Санаи 28-уми октябр дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Хуҷанд барои тозагиву ободии муҳит ба муносибати фарорасии ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ доир гашт. Фаррошону китобдорони Китобхонаи вилоятӣ низ дар ин рӯз дастаҷамъона атрофи бинои корхона, саҳни вурудии онро аз алафҳои бегона тоза карда, хазонҳои бехи дарахтонро рӯфтаю бардошта, саҳми худро дар тозагии хиёбонии марказии шаҳр гузоштанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ