Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

13.10.2017 СИЛСИЛАИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ СОЛИ 2017 БА КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ВОРИД ГАРДИД

Китобҳои тозанашрБа шуъбаи пуррасозӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ҳашт номгӯ китоби тозанашри соли 2017 бо теъдоди 1135 нусха аз ҳисоби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ворид гардид. Китобҳои тозанашр дар нашриётҳои «Анис», «Меъроҷ», «Тоҷпринт», «Хуросон» мунташир шудааст. Китобҳои тозаворидшуда баъди коркард ба махзани китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ирсол мегардад.

Китобҳои тозанашрДар даврони Истиқлолият анъанаи хуби ҳадяи ройгони китобҳо байни аҳли қалам роиҷ гашт. Ҳарчанд кам ҳам бошад, теъдоди муайяни китобҳои махзани Китобхонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои вилояти Суғдро  чунин китобҳо ташкил медиҳанд. Баробар бо силсилаи китобҳои тозаворидшуда ду номгӯ китоб бо теъдоди 8 нусха ҳамчун ҳадя аз ҷониби муаллифон вориди шуъбаи пуррасозӣ ва коркарди адабиёт гардид. Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев ва муаллифони ҳимматбаланд – нависанда ва тарҷумон Анвар Мирзоҳакими Олим ва муҳаққиқони соҳаи математика М. Мулоҷонов, А.Б. Нозимов, Н.О. Менухова, ки дар ғанӣ гардонидани махзани китобии Китобхонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои вилоятамон саҳмгузорӣ карданд, миннатдорӣ баён мекунад.

Китобҳои тозанашрАлоқамандон метавонанд бо рӯйхати китобҳои тозанашр ва тозаворид шинос шаванд:

  • Калонзода Иброҳим. Тараннуми Истиқлолият  (маҷмӯаи шеърҳо бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии ҶТ., 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон, 55-солагии азхудкунии Мирзочӯл ва 50-солагии таъсисёбии ноҳияи Зафаробод).– Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.–  12 4 с.
  • Қодир, Тайиба. Меҳри Ватан (маҷмӯаи шеърҳо).– Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.– 60 с.
  • Ниёзӣ, Нурмуҳаммад. Шикастани шикастаҳо (маҷмӯаи шеърҳо).– Хуҷанд: Хуросон, 2017.– 672 с.
  • Ниёзӣ, Нурмуҳаммад. Хаймаи дил.– Хуҷанд: Хуросон, 2017.– 596 с.
  • Исфарангӣ, Сайфуддини. Девон (таҳия ва пешгуфтори Субҳони Аъзамзод). –Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 832 с.
  • Исфарангӣ, Сайфуддин. Осори Мунтахаб.– Хуҷанд: Хуросон, 2017 - 712 саҳ.
  • Олим, Усмон. Ашъори мунтахаб. –Хуҷанд: Ношир, 2017. – 408 с.
  • Бобоҷон, Маъруф. Асарҳои мунтахаб (иборат аз 5 ҷилд. Ҷилди якум. Повестҳо).– Хуҷанд: Анис, 2017.– 508 с.
  • Бобоҷон, Маъруф. Асарҳои мунтахаб (иборат аз 5 ҷилд. Ҷилди дуюм Повестҳо).–Хуҷанд: Анис, 2017.– 508 с.
  • Бобоҷон, Маъруф. Асарҳои мунтахаб (иборат аз 5 ҷилд. Ҷилди сеюм.  «Умеди вопасин». Роман). Хуҷанд: Анис, 2017.– 540 с.
  • Олим, Анвар Мирзоҳаким. Вақти гули зардолу.– Хуҷанд: Тоҷпринт, 2017.– 156 с.
  • Муллоҷонов М., Нозимов А.Б., Менухова  Н.О. Муодилаҳои интегралии сингулярии гилберти навъи нейтралӣ. Назария ва алгоритмҳо: монография. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. –304 с.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ