Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо осори саршор аз ғояҳои инсонгароияш ҳампояи абармардони адабиёту фарҳанги ҷаҳон мебошад. Мероси маънавии ин дарёнӯши маърифат аз замони зиндагияш инҷониб мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор гирифта, андешаҳои барҷастаи аз зеҳни хориқулодаи ӯ берун омада дастури зиндагии башар аст. Омӯхтан ва таълиму ташвиқи осори ин шоири ориф дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа таъсири мусбати босазое дорад. Дар кишвари мо ҳамасола 30-юми сентярро ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ашъори ноби пур аз ҳикмати вай рӯ меоранд. Моро зарур аст, ки дар омӯзишу шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно кӯшиш намуда, аз шоҳкори пурғановаташ, ки барҳақ, хазинаи маърифат аст, ҳикмати зиндагӣ биомӯзем Бо ҳамин мақсад санаи 29-уми сентябри соли равон дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба 810-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ маҳфили «Мавлавихонӣ» таҳти унвони «Биё, то қадри ҳамдигар бидонем» бо иштироки муҳассилону омӯзгорони МТМУ №12 баргузор гардид.
Сардори шуъбаи санъати китобхона Умарова Машҳура ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо мақсад ва барномаи чорабинӣ шинос кард. Китобдори толори кӯдакон ва наврасон Шукурова Моҳира аз зиндагиномаи шоир барои хонандагон ҳикоёти ҷолибро нақл намуд.
Хонандагони синфи 6«а»-и мактаби номбурда Ҷӯраева Саида, Авезова Манижа, Собирова Дилфуза, Алимова Рухшона, Мамадҷонова Мавлуда, Акрамзода Азиза, Муҳсинзод Акрамҷон, Мирзоев Муҳаммад, ва хонандагони синфи 8«в» Акрамзода Миҷгона, Зоиров Ислом, Қаюмов Муҳайё, Алимов Шариф, Алибаева Азиза аз эҷодиёти шоир ғазалу рубоиҳо қироат карданд. Видео-слайд, ки аз тарафи сардори шуъбаи толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо таҳия гардида буд, ба ҳозирин пешниҳод гардид. Китобдорони китобхона Азизова Дилноза, Гадойбоева Дилфуза, Расулова Дилноза, Ҷӯраева Умеда, Собирова Дилрабо аз ашъори Мавлавӣ порчаҳо қироат карданд.
Дар охир иштирокдорон бо китобҳои тозанашри ба намоиш гузошташуда шинос шуданд.