Дар таърихи мусиқии халқи тоҷик мусиқии классикӣ, алалхусус санъати «Шашмақом» мавқеи махсусро ишғол менамояд. Санъати Шашмақом аз қаъри ҳикмати халқи тоҷик ташаккул ёфта даставвал ба фикру идроки ӯ тааъллуқ дорад. Имрӯз низ санъати Шашмақом нуру ҷилои куҳани худро гум накардааст ва маҳз дар Шашмақом халқи тоҷик идроку шуури миллӣ, орзуву омол ва андешаи худро мунъакис сохтааст. Оҳангҳои пурҷозиба ва суруду таронаҳои Шашмақом нозукиҳои олами ботинӣ ва зоҳирии ҷомеаро тасвир менамояд.
Боймуҳаммад Ниёзов 27-уми сентябри соли 1927 дар деҳаи Марғузорак дар оилаи деҳқон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо касби камол кардаанд. Боймуҳаммад Ниёзов санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аввал аз падарашон Ҳоҷиматов Ниёзмуҳаммад омӯхтаанд. Бобояшон Азиматов Ҳоҷимуҳаммад низ аз ҳофизони номдор буда, бо Содирхон Ҳофиз ҳамнишинӣ доштаанд. Аз солҳои 1939 то соли 1942 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) таҳсил намуда, солҳои 1955-1963 ҳамчун солисти Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Камоли Хуҷандӣ) фаъолият намудааст.
Сурудҳои аввалине, ки ба Боймуҳаммад Ниёзов шӯҳрати сазовор овард ва ба воситаи радиою саҳнаи театрҳо садо дод.
Устод Боймуҳаммад Ниёзов беш аз 200 суруду таронаҳои рӯҳафзоро бар ашъори Камоли Хуҷандӣ,Ҳофизу Саъдӣ,Ҷомию,Бедил,Ҳилоливу Зебунисо,Нодираву Қассоб,Кошифу Саҳбо,Ҳоҷа Ҳусейну Туғрал ва дигар шоирони классикиву муосир эҷод намудааст.
Сурудҳои машҳуру нотакрори устод «Эй ҷони ман асират» (шеъри Мушфиқӣ) «Моҳи тобонам биё» (шеъри Кошиф) «Хуҷандиям » (Шеъри Камол) «Бар лаби дарё биё» (шеъри Сайидо), «Ту чӣ дилбарӣ» (шеъри Фарҳат) ва ғайра ба ганҷинаи мусиқии муосири тоҷик ворид гардида, мардумро ба ваҷҳ меоварданд. Ногуфта намонад, ки Боймуҳаммад Ниёзов ба ғайр аз ҳунарҳои ҳофизӣ, оҳангсозӣ ва машшоқӣ боз як шуғли дигар низ дошт. Дар вақтҳои фориғӣ рубоб, тори қафқозӣ ва сито (ҳамон ситое, ки 2400 сол пеш Борбади Марвазӣ ба забон дароварда буд) месохтанд ва худашон машқ мекарданд.
Ҳофиз ва мутриби дӯстдоштаи мо Боймуҳаммад Ниёзов пайваста ҳунар ва маҳорати худро такмил медоданд, оҳангҳои нав ба нав меофариданд ва тори тараби дилҳои мухлисони сершумори худро ҳамвора ба наво меоварданд. Манбаи илҳоми устод Боймуҳаммад Ниёзов эҷодиёти халқ буд. Чунки навоҳои халқиро дар танӯри сина гудохта, сайқал дода, боз ба худи халқ бар мегардонданд. Шояд як сабаби комёбии устод дар ҳамин буд, ки худро шогирди маънавии устодони «Шашмақом»-и тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ҳисоб мекарданду худ низ ба дараҷаи устодӣ расида, ба чанде аз ҳофизони радиою телевизони тоҷик ва донишҷӯёни факултаи санъати пойтахт аз «Шашмақом» таълим медоданд.
Ҳунарманди халқии иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи иттиҳоди шӯравӣ Мастона Эргашева, ҳофизи радио ва телевизион Асадулло Атовуллоев дар мактаби санъату маҳорати Боймуҳаммад Ниёзов дарси ҳунармандӣ омӯхта, Боймуҳаммад Ниёзовро устоди ҳақиқии худ мешуморанд.
Боймуҳаммад Ниёзов на танҳо ба ашъори шоирони адабиёти классикӣ, балки ба шеъри шоирони саветии тоҷик низ оҳанг мебастанд. Дар навбати худ Муҳиддин Фарҳат, Алӣ Бобоҷон ва дигарон дар васфи устод Боймуҳаммад Ниёзов шеър эҷод кардаанд.
Хизматҳои Боймуҳаммад Ниёзов дар пешрафту инкишофи санъати касбии тоҷик калон аст. Ҳаминро ба назар гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон соли 1964-ум ба Боймуҳаммад Ниёзов унвони ифтихории Артисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дода, бо Грамотаи Президиуми Советии Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Ильич Ленин мукофотонида аст.
Бо мақсади арҷгузорӣ ва гиромидошти хотираи неки устоди зиндаёд ва ба муносибати 90-солагии Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов бо иштироки аҳли илму адаб, санъаткорону ҳофизон, дӯстону пайвандон ва шогирдон дар толори Китобхонаи вилоятӣ санаи 28-уми сентябри соли равон маҳфили фарҳангии «Устоди Шашмақом» баргузор гашт.
Сараввал иштирокчиён ва меҳмонони маҳфил бо намоиши намоиши кушоди китобиву матбуотӣ баҳравар гардиданд.
Маҳфилро ходими давлатӣ собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов оғоз карда, ҳозиринро бо мақсади чорабинӣ шинос намуд.
Сипас, Сардори шуъбаи санъат Машҳура Умарова садри маҳфил буда, ҳамагонро аз зиндагиномаи шашмақомсарои тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов ошно сохт. Баъди шиносои бо зиндагиномаи устод кормандони шуъбаи электронии китобхона намоиши видеоӣ-слайдӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.
Нахустин гузориш таҳти унвони “Ҷойгоҳи Боймуҳаммад Ниёзов дар таҳаввули мусиқии суннатии тоҷик” профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Султоналӣ Худойбердиев баромад намуд. Таҳти унвони “Нақши Боймуҳаммад Ниёзов дар ғаномандии санъати мусиқии миллӣ” намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов маърӯза намуд.
Дотсенти факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Юсуфҷон Бобоҷонов аз ҳамкориҳо бо устод ёдовар шуд.
Ҳамчунин шоир Толиб Карими Озарахш ва декани факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аминҷонов Раҳимҷон андешаҳои худро перомуни ҳаёту фаъолияти шодравон баён намуданд. Аз тарафи кормандони китобхона шеърҳо қироат карда шуд. Сипас, аз бойгонӣ суруди Боймуҳаммад Ниёзов тариқи видео-навор пешкаши аҳли нишаст гардид.
Дар рафти маҳфил аз тарафи корманди шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона Рабиева Рокия дар мавзӯи “Шоҳсутуни санъати воло” хулосаи китобӣ - матбуотӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Суруди абераи шодравон Дилноза Бойматова писанди ҳамагон гашт.
Таронаҳои дилнишини ҳофизон аз ҷумла Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев, Медали Шоистаи Тоҷикистон Абдумавлон Дадобоев, ҳофизи халқӣ Абдураҳим Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов ва Шариф Ниёзов маҳфил боз ҳам шукӯҳи тоза бахшид. Дар охир хоҳари зиндаёд, Роҳат Дадобоева ва писари шодравон Шарифмуҳаммад Ниёзов ёде аз лаҳзаҳои гузашта карданд. Маҳфил бо суханони директори Китобхона Баҳром Тоҳирович ба интиҳо расид.
1