22.09.2017 КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «САРОМАДИ СУХАНВАРОНИ ҶАҲОН» БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ
Баргузории оммавии Рӯзи Рӯдакӣ дар саросари кишвар ҳар сол як бор рӯҳияи миллӣ ва ҳофизаи фарҳангии тоҷикистониёнро такони ангезабахш медиҳад. Рӯзи Рӯдакӣ рӯзи бедории миллӣ, рӯзи руҷӯи миллат ба гузаштаи пурифтихор, рӯзи эҳёи нерӯи созандагиву инсонгароӣ, рӯзи тарбияи насли наврасу ҷавони мамлакат мебошад. Яке аз омилҳои пуртаъсир гузаронидани Рӯзи Рӯдакӣ гуногуну мазмуннок таҳия намудани барномаҳои ин чорабинӣ аст. Бо мақсади самараноку таъсирбахш ташкил кардани Рӯзи Рӯдакӣ маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва китобдорон илова бо омодасозии намоиши бошукӯҳи китобию матбуотӣ, намоишҳои слайдӣ ва дигар тадбирҳои соҳавӣ ба маҳфил устодону суханшиносонро даъват карданд.
Нахустин гузориши чорабиниро шоиру муҳаққиқ, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров дар мавзӯи «Устод Рӯдакӣ ва таҳаввули шеъри тоҷику форс дар аҳди Ғазнавӣ» оғоз карда, дар поёни суҳбат ғазалеро бо радифи «Рӯдакӣ» ҳамчун номаи рамзии ихлосу иродат ба падарсолори шеъри тоҷику форс ба самъи иштирокчиён расонид.
Ҳамагон огоҳанд, ки аксар вожаҳои ашъори парокандаи устод Рӯдакӣ намунаҳои нодире аз фарҳанги мардумӣ мебошанду баъзеи онҳо то имрӯз ҳам дар бисёр гӯишҳои қавмҳои форсизабон марвиди истифода қарор доранд. Дар ин мавзӯъ таҳти унвони «Вожаҳои гӯишии ориёиасл дар ашъори устод Рӯдакӣ» дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зоҳид Қӯрғонов маърӯзаи ҷолиб намуд.
Бахши амалии чорабинӣ бо донишҷӯён ва иштирокчиён аз тарафи корманди шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ Шодӣ Шарифниё бо истифода аз слайд дар мавзӯи «Сайре дар олами маонии ашъори устод Рӯдакӣ» дар сатҳи хеле хуб сурат гирифт. Дар ин бахш аксар донишҷӯён фаъол иштирок карда, андешаҳои худро доир ба маънои ин ё он калимаҳои нодиру камистеъмоли ашъори устод Рӯдакӣ баён доштанд. Донишҷӯёни соли аввал Мамадҷонова Зуҳро (аз шуъбаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ), Саидмуродова Нигора, Қодиров Рустам, Бойғозиева Нигина, Ҳақулова Гулноза ба ёфтани маъноҳои дурусти калимаҳо муваффақ гардида, туҳфаҳои рамзии Рӯзии Рӯдакиро соҳиб шуданд.
Шунавонидани маърузаи илмии директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Баҳром Мирсаидов бино бар бар сарфаи вақт ба маҳфилҳои дигар гузошта шуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева, ки расман маҳфилро бо сухани табрикӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида буд, роҷеъ ба сатҳу сифати чорабинӣ изҳори назар намуда, ҳамзамон сардори шуъбаи адабиёти тиббӣ Раҷабова Марҳабохонро ба муносибати зодрӯз ва фаъолияти пурсамар бо дастагули тару тоза таҳният гуфт.
Маҳфил бо намоиши охирин лаҳзаи филми «Қисмати шоир», ки дар он устод Рӯдакӣ заҳмати эҷоди чандинсола дар бағал ба ҳаводорони китобу маърифат паёмрасонӣ мекунад, ба таври рамзӣ ба поён расид.