Моҳи августи соли ҷорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2007 барои танзим намудани анъана ва ҷашну маросимҳо ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар ба тавсиб расида буд, бо тақозои рушди босуръати ҷомеа як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Барои фаҳмондадиҳии тағйироту иловаҳои ба Қонуни мазкур ворид гардида дар шаҳру навоҳии вилоятҳои мамлакат гурӯҳҳои ташвиқотӣ сафарбар шуда, ба аҳолӣ суҳбату гуфтугӯҳо доир карда истодаанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, фарҳанг, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Абдуҷаббор санаи 18-уми сентябр бо ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятӣ дар ин мавзӯъ вохӯрӣ ва суҳбат баргузор намуд. Вакили номбурда дар давоми зиёда аз ним соат ба таври фишурда оид ба китобдорону китобшиносон сабаб ва мақсади асосии иловаҳои воридшударо як-як фаҳмонида дод. Ӯ, аз ҷумла, таъкид намуд, ки дар Қонуни такмилёфта нисбат ба хизматчиёни давлатӣ алоҳида чораҳо андешида шудааст ва тибқи он хизматчиёни давлатии ба қонунвайронкунӣ даст зада аз вазифа сабукдӯш мегарданд. Ҳамчунин монанди ин тадбирҳо барои гирифтани пеши роҳи вайронкунии танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо ҳукми қонунӣ гирифтанд. Ахмедов Абдуҷаббор таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав дар рӯзҳои наздик дастраси аҳолии кишвар хоҳад шуд ва дар он ҳол ҳар як шаҳрванд бо истифода аз он маълумоти лозимиро пайдо карда, бо масъулият ва уҳдадориҳояш дақиқтар шинос мешавад.