Китобдорони Китобхонаи вилоятӣ санаи 4-уми сентябр дар доираи аксияи вилоятии "Биёед китоб мехонем!", ки бахшида ба Рӯзи Китоб дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гашт, намоиши кушоди китобӣ ташкил карданд. Китобдорон китобҳои ба намоиш гузошташударо ба иштирокчиёни аксия – хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорону устодон, донишҷӯёни коллеҷҳову донишгоҳҳо, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо муаррифӣ намуда, роҷеъ ба мазмуну мундариҷаи баъзе аз онҳо маълумот доданд. Аз иштирокчиёни ин аксия ба намоиш бештар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо роҳбарии омӯзгорон ҳузур доштанд, завқу рағбати беандоза нишон доданд. Дар ин аксия намояндагони китобхонаҳои донишгоҳҳои шаҳр низ китобҳои худро ба намоиш гузошта буданд.
Could not load widget with the id 69.