Аз 4-уми сентябри соли 2007 рӯзе, ки ба дасти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос барои бунёди Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, дар кишварамон барои баланд бардоштани фарҳанги китобдорӣ Рӯзи Китоб ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ошёнаи якуми Китобхонаи вилоятӣ дар ҳошияи намоиши кушоди китобиву матбуотӣ бо иштироки васеи истифодабарандагон, аз ҷумла китобдорону донишҷӯёни шуъбаи китодории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи суҳбатҳои судманд доир гашт. Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром нахуст ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Китоб, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба мақоми китоб дар фарҳанги миллии тоҷикон сухан ронда, зимнан чанде аз китобҳои тозавориди дар намоиш гузошташударо барои иштирокчиён муаррифӣ кард.
Собиқадори соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ, ходими давлатӣ Солиҷонов Нодирҷон, номзади илмҳои таърих, дотсент Эркаев Сафаралӣ ба сухан баромада, ҷашн гирифтани ин санаи ҳумоюниро на фақат барои имрӯзиён, балки баҳри ояндагон низ фоли нек шумурданд. Зеро дар замони рушди босуръати технологияи муосир, ки дар ҷаҳон “фарҳанги рақамӣ”-ро поярезӣ карда истодааст, муносибат бо китоби оригиналӣ ба хонанда на танҳо маълумоти дақиқу аниқу бенуқсон медиҳад, балки мутолиаи он кайфияту ҳаловати дигаре дорад.
Иштирокчиён аз суҳбати донишҷӯйи шуъбаи китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Мирзоёрова Нурафшон пай бурданд, ки китобдорӣ касби дӯстдоштаи ӯст ва вай мисли дигар ҳамдарсон орзуи ҳамчун китобдор фаъолият бурдану дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа саҳм гузоштан дорад.
No images found.
Донишҷӯёни шуъбаи китобдорӣ аз иқдоми маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ, ки маҳз барои онҳо ва китобдорони китобхонаҳои вилояти Суғд Толори китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ таъсис додаанд, рӯҳбаланд гардида, минбаъд тасмим гирифтанд дарсҳояшонро дар ин ҷо доир созанд ва махзани китобии он босамар истифода баранд.