МАҲФИЛИ “ТАБИБИ ҚОМУСНИГОР” БАРГУЗОР ШУД
Санаи 28-уми август маҳфили илмӣ-фарҳангӣ ба муносибати 20-солагии эҷодиёти адабӣ ва 70-солаги табибу публисист Аҳмадзода Баҳром Алӣ дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки аҳли илму адаб, табибони вилояти Суғд баргузор гашт. Маҳфилро ходими давлатӣ собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов оғоз карда, ҳозиринро бо мақсади чорабинӣ шинос намуд. Сипас, доктори илмҳои таърих, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Холҷӯраев Ҳабибулло дар мавриди ҳамкорӣ ва нерӯи эҷодии Аҳмадзода Баҳром Алӣ дар таҳияи асарҳои адабӣ ва илмӣ изҳори назар дошт. Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода дар навбати худ оид ба “Сафарномаи ҳаҷ”-и Аҳмадзода Баҳром Алӣ мулоҳизаҳоронӣ намуда, хусусияти илмӣ-раҳнамоӣ доштани нахустин асари муаллифро алоҳида таъкид кард.
Собиқадори соҳаи тандурустӣ Носирова Муҳибахон ва нависандаи шинохта Маъруф Бобоҷон дар мавриди арзиш ва аҳамияти ҳаматарафаи “Қомуси тибби вилояти Суғд” (2) барои қадршиносии кормандони соҳаи тиб изҳори назар намуда, хусусияти таърихӣ доштани онро ёдовар гаштанд. Аз номи табибон муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии №1-и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд Аминҷонова Саодат сухан гуфт ва сипосномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғдро ба Аҳмадзода Баҳром Алӣ супорид. Ҳамчунин сипосномаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба дасти намояндаи ҷамъияти мазкур дар вилояти Суғд Султонов Абдурасул барои саҳм дар рушди дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик ба Аҳмадзода Баҳром Алӣ эҳдо гардид.
Номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Саидов Саидумрон дар мавзӯи «Табиб, қомуснигор ва кишваршиноси беҳамто» суҳбат намуда, дар рушди шахсияти Аҳмадзода Баҳром Алӣ то андозае саҳм доштани ҳамсари эшонро зикр кард.
Олима, номзади илмҳои филология, дотсент Оқилова Муътабар – Хоҳари табиби қомуснигор аз даврони кӯдакӣ, мактабхонӣ ва зиндагии оилавиашон нақл карда, аз овони хурдсолӣ инсони меҳрубони ҳалим будани бародари бузургашро хотиррасон шуда, сабаби байни мардум соҳиби обрӯву эътибор гаштанашро маҳз дар хоксориву фурӯтании ӯ донист.
Дар поёни маҳфил Аҳмадзода Баҳром Алӣ изҳор дошт, ки муваффақиятҳои эҷодии ба даст овардаи ӯ ҳама далели муҳаббати ҷомеа ба табибон ва аҳли қалам аст.
Бахшида ба ин чорабинӣ китобдорони шуъбаи адабиёти тиббӣ бо сарварии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Марҳабо намоиши кушоди китобӣ ва матбуотӣ ташкил карданд, ки иштирокчиёни маҳфил аз он баҳравар гардиданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ
No images found.