25.08.2017 ҲУЗУРИ МЕҲМОНОНИ БАДАХШОНӢ БА КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ВА МУЛОҚОТИ ОНҲО БО ҲАМКАСБОН
Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд тайи чаҳор рӯз аст, ки баробари шиносоӣ бо марказҳои илмиву фарҳангӣ, минтақаҳои иқтисодӣ барои аҳолии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонони он чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ярмаркаи маҳсулоти дастӣ ва ҳунари мардумӣ доир карданд.
Санаи 25-уми август гурӯҳе аз меҳмонони бадахшонӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ташриф оварда, бо китобҳои дар намоиши кушоди китобӣ ва матбуотӣ ба маърази тамошо гузошташуда шинос гаштанд. Онҳо аз ин намоиш хеле шод гардида, бовар ҳосил карданд, ки ташкили чунин Рӯзҳои фарҳангӣ на танҳо аз омили муҳими таҳкимбахши ваҳдати миллӣ ба шумор меравад, балки тақвиятдиҳандаи робитаҳои кории кормандони соҳаҳои гуногуни мамлакат низ мебошад.
Яке аз он меҳмонон, директори Китобхонаи марказии ноҳияи Дарвоз Саидамирова Рӯзигул, ки барои Китобхонаи вилоятӣ китоби доктори илмҳои таърих Ҳайдаршо Пирумшоев “Таърихи Дарвоз”-ро ба ҳадя овард, дар мулоқот бо ҳамкасбон оид ба вазъи хизматрасонии китобӣ дар китобхонаҳои деҳоти ноҳияи Дарвоз табодули назар кард.
Ҳамчунин аз деҳаи Авҷи ноҳияи Ишкошим табибу ҷарроҳи дараҷаи олӣ, Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинбек Давлатмамадов ҳам баъд аз тамошои намоиш китобҳои муаллифии худ ва чанд китоби дигарро барои китобдорони шуъбаҳои адабиёти тиббӣ ва хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ туҳфа кард. Китобҳои тозаворид баъд аз коркард дар рӯзҳои наздик дастраси хонандагон хоҳад гашт.
Кормандони Китобхонаи вилоятӣ дар поёни мулоқот бо ҳамкасбони худ барои хотира акс бардоштанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ
No images found.