Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

18.08.2017 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ КИТОБХОНАИ НАМУНАВӢ ДАР МАСТЧОҲ, ИСФАРА ВА КОНИБОДОМ

Аз маълумоти масъулини кумитаи тадорукот ва ҳайати доварони озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” равшан мегардад, ки китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро эълону баргузории ин озмун  ба таҳарруку ташаббус водоштааст. Санаҳои 15, 16, 17 -уми август дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрҳои Конибодому Исфара даври аввали  “Китобхонаи намунавӣ” дар сатҳи нисбатан баланд ва густарда доир гашт.

No images found.

Омодагии китобдорони ноҳияи Мастчоҳ санаи 15-уми август мавриди таҳлил қарор дода шуд. Аз миёни китобхонаҳои ноҳия имконияти ширкат дар даври дуюми озмунро китобхона-филиали №1 ҳамчун китобхонаи беҳтарини ноҳия ба даст овард.

No images found.

Натиҷагирии даври аввали озмун дар шаҳри Конибодом санаи 16-уми август сурат гирифт, ки тибқи омӯзиши ҳолати санитарӣ-гигиенӣ, сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҳуҷҷатгузории соҳавӣ ва дигар шартҳои озмун китобхонаи марказии шаҳр беҳтарин китобхона эътироф гардид.

No images found.

Санаи 17-уми август китобдорони китобхонаҳои деҳоту шаҳри Исфара тайёрии худро барои ширкат дар озмуни “Китобхонаи намунавӣ” нишон доданд. Дар натиҷа китобхонаи марказии шаҳр китобхонаи намунавӣ шинохта шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ