Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

15.08.2017 АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҚТАҲОИ КИТОБДИҲИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ

Ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ дар муассисаҳову ташкилотҳо ва китобрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз навъҳои хизматрасонӣ мебошад, ки китобдорони Китобхонаи вилоятӣ илова бар хизматрасонии рӯзмарра пайваста машғули онанд.  Онҳо тибқи дархост истифодабарандагони нуқтаҳои китобдиҳиро бо китобҳои нав таъмин мекунанд. Ҳар як шуъбаи Китобхонаи вилоятӣ (ба истиснои шуъбаи ғайрихизматрасонӣ) ва китобхона-филиалҳои он вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ дорои нуқтаҳои китобдиҳӣ мебошанд.

 Китобдорони шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ дар “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон”, “Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ ба номи А. Нурматов”, “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Дармонгоҳи стоматологии хусусии “Садаф Суғд”-и шаҳри Хуҷанд нуқтаи китобдиҳӣ таъсис дода, хоҳиши истифодабарандагонро ба инобат гирифта, ба онҳо  на фақат китобҳои бадеӣ ва шеър, балки рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавиро низ дастрас менамоянд.

Мудири шуъбаи хизматрасонӣ Бойпочоева М.  маълумот дод, ки талаботу дархости истифодабарандагони нуқтаҳои китобдиҳӣ гуногун мебошад. Масалан, истифодабарандагони “Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ ба номи А. Нурматов”, ки аксар муолиҷагирандагонанд, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва шеърро меписанданд.  Ҳамкории китобдорон бо нуқтаи китобдиҳии воқеъ дар “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”  бештар дар доираи ташкил ва баргузории намоишҳои кушоди китобиву матбуотӣ сурат мегирад. Масъулони нуқтаи китобдиҳӣ Кормандони “Дармонгоҳи стоматологии хусусии “Садаф Суғд” илова бар он ки бештар алоқаманди ашъори устод Лоиқ Шералианд, китобу маҷаллаҳои соҳавӣ ва китобҳои инъикосгари дастовардҳои даврони Истиқлолиятро барои худашон ва мизоҷонашон талаб мекунанд.

Фаъолияти нуқтаҳои китобдиҳии Китобхонаи вилоятӣ дар муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ дар шаҳри Хуҷанд далели ба китобхонӣ шавқ доштани аҳолӣ аст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ