Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

14.08.2017 САРАТОНШИНОСИ ШИНОХТА КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРАШРО БА КИТОБХОНА ҲАДЯ КАРД

Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии Хуҷанд, саратоншиноси маъруф, доктори илмҳои тиб, профессор Ахмедов Бахтиёр Почомирович, ки аз 85 соли умри бобаракат қариб 60 соли онро ба табобату таҳқиқи бемориҳои онкологӣ бахшидааст, аз истифодабарандагони ифтихории Китобхонаи вилоятӣ асту бо китобдорону библиографон ҳамкории судманд дорад.

Ин донишманди тавоно тайи чанд моҳи соли ҷорӣ дар заминаи ёддоштҳои шахсӣ ва маводи матбуот пайи таҳия ва таълифи китоби алоҳидае оид ба фаъолияти касбии худ саргарм буд. Инак ёддоштҳояшро бо номи “Всю жизнь в онкологии” мунташир сохта, санаи 14-уми август дар арафаи иди табибон барои боз ҳам ғанитар гардонидани хазинаи тилоии Китобхонаи вилоятӣ ба муносибатии 100-солагии таъсисёбӣ ҳамчун дастовез бо худ ҳадя овард.
Профессор Ахмедов Бахтиёр  дар суҳбат бо директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром иброз дошт, ки дар таҳияи қисмати панҷуми китоби “Всю жизнь в онкологии” – “На пути науки и практики” (бахши библиография) саҳми китобдорони Китобхонаи вилоятӣ, ба вижа заҳмати мутахассиси собиқадори соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Абдулазиз зиёд аст.

Армуғони дигари устоди соҳаи тиб дастури таълимӣ– “Общие принципы диагностики и лечения злокачественных новообразований”  ном дошта, дар нашриёти “Бухоро”-и шаҳри Душанбе ба табъ расида, барои онкологҳо, донишҷӯёну устодони омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳо, муҳаққиқони соҳаи онкология ва табибон тавсия шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар шуъбаи адабиёти тибби Китобхонаи вилоятӣ китобҳои дигари профессор Ахмедов Бахтиёр низ мавҷуданд, ки алоқамандон аз он  пайваста истифода мебаранд.

Умедворем, ки ин муҳаққиқи хастагинопазир ва табиби камназир дар оянда боз бо ташриф ва ҳадяҳои пуразиш – китобҳои таҳқиқии тоза хонандагони Китобхонаи вилоятиро шод мегардонад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ