01.08.2017 МАШВАРАТИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ҲХДТ
Тадбирҳои оянданигаронаи судманде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамрайъӣ бо ҷомеа барои ноил шудан ба дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ тарҳрезӣ намуда, онҳоро ба таври марҳилавӣ ба ҳукми қонун медарорад, тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд. Аз ҷумлаи чунин тадбирҳои ба ҳукми қонун даромада тадбирест, ки барои ба танзим даровардани анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳо нигаронида шуда, аз 8-уми июни 2007 ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, мавриди татбиқ қарор гирифт. Ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни мазкур санаи 11-уми июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти машваратии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳангу зиё, уламои дин ва масъулини мақомоту кумитаҳои дахлдор доир гардид. Дар машварат аз тарафи Президенти мамлакат дастур дода шуд, ки барои ворид кардани такмилу иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Санаи 1-уми август бо мақсади ба китобдорони Китобхонаи вилоятӣ – аъзои ҳизби ҲХДТ фаҳмондадиҳии муҳтавои суханронӣ ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мудири бахши кор бо занони Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой ҳамроҳ бо бонувони фаъол – директори филиали фонди ҷамъиятии хайриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бузрукова Мукаррамахон, собиқадори соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъминова Сулҳияхон ва ҷавони боистеъдод, донишҷӯи соли аввали ихтисоси журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Рустамов Парвиз дар толори китобхонаи мазкур машварат доир карданд.
Машваратро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром оғоз карда, бо ироаи муҳимтарин нуктаҳои суханронии Президенти кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсади ҷамъомадро ба онҳо фаҳмонд.
Бузрукова Мукаррамахон, ки дар машварати санаи 11-уми июни соли ҷорӣ доиршуда ширкат дошт, суҳбатро аз мавқеи иҷтимоӣ ва нуфузи маънавии зан дар оила ва ҷомеа оғоз кард. Ӯ таъкид намуд, ки зан ҳамчун модар дар ташаккули ҷаҳонбинии ахлоқӣ ва маънавии оила саҳми арзанда дошта, маҳз пас аз тарбияи модарони боиффату доно фарзандони боимону хирадманд ба арсаи таърих ворид гашта, роҳи фардои халқу давлатро бо пайкорҳои созандаашон равшану ҳамвор месозанд. Яке аз чунин фарзандони фарзона Пешвои миллатамон мебошанд, ки ҳастии худро фидои миллату давлат намуда, тоҷикону тоҷикистониёни фирориро ба Ватан бозгардонда, имрӯз дар ғами баланд бардоштани сатҳи маънавию ахлоқӣ ва маърифати ҳуқуқии тоҷикистониён мебошанд. Ҷаноби Олӣ хеле дилсӯзона ва ғамхорона дар мавриди татбиқи амалии қонунҳои миллӣ суханронӣ карда, ба онҳо ворид кардани такмилу иловаҳою тағйиротро дастур доданд ва мо фаъолон бояд дар ин самт байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи хуб роҳандозӣ кунем, то мардум ба дарки моҳияти қонунҳои мазкур бирасад.
Муъминова Сулҳияххон аз Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёд карда, иштирокчиёни машваратро ба ватандӯстиву ҷавонмардӣ, ҳушёриву зиракӣ, сарфакориву камхарҷӣ, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат даъват кард.
Рустамов Парвиз донишҷӯи соли аввали ихтисоси журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки бо ташвиқи бобояш Президенти кишварро шахсияти ормонии худ интихоб кардааст, дар бораи китоби «Пайроҳаи мурод»-аш ва нақшаҳои ояндаи худ хеле самимона ва гарм суҳбат кард.
Бобоева Зеварой – мудири бахши кор бо занони Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Китобхонаи вилоятиро яке аз ташкилотҳои ибтидои намунавии шаҳри Хуҷанд эътироф намуда, дар идомаи маърӯзаи худ моддаҳои 7 (Ҷашнҳои расмӣ), 8 (Зодрӯз), 9 (Хатнасур), 10 (Тӯйи домодиву арусӣ), 11(Маросимҳои дафну азодорӣ), 12 (Маросими ҳаҷ)-и боби сеюм (Танзими ҷашну маросимҳои расмӣ ва оилавӣ)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо овардани мисолҳои воқеӣ аз рӯзгори аҳолӣ муфассалан шарҳу тавзеҳ дод.
Котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Китобхонаи вилоятӣ, китобдори ботаҷриба Оқилова Мунира ба сухан баромада, аз номи ҳамкасбон–аъзои ҲХДТ ваъда дод, ки китобдорон дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат намуда, барои фаҳмондадиҳии муҳимтарин нуктаҳои суханронии эшон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» талош меварзанд.
Дар ҳошияи ин машварати судманд китобдорон намоиши кушоди китобӣ ва матбуотии «Танзим– файзу фаровонии рӯзгор» ташкил карданд, ки истифодабарандагони Китобхона дар давоми рӯз аз он баҳравар гардиданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ