Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

31.07.2017 ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ КИТОБХОНАИ НАМУНАВӢ

Давраи аввали озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавӣ» дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод ва шаҳри Истаравшан санаҳои 26-27-уми июл баргузор гашт.

 Китобдорони шаҳру ноҳияҳои номбурда дар заминаи шароиту имкониятҳои мавҷуда ба озмун тайёрӣ дида, онро дар сатҳи хуб ташкил намуданд.

 

Тибқи шартҳои озмун китобхонаи бачагонаи ноҳияи Деваштич, китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Зафарободу Шаҳристон, китобхона-филиали №15 ҷамоати “Қалъачаи Калон”-и шаҳри Истаравшан аз миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамчун китобхонаҳои намунавӣ эътироф гардида, ба давраи дуюми озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” роҳ ёфтанд.  Натиҷагирӣ аз шарти чоруми озмун– санҷидани донишу малакаи касбии китобдор нишон дод, ки кормандони китобхонаҳои намунавии шаҳру ноҳияҳои номбурда дар ҳақиқат ба касби худ садоқат дошта, барои афзудани таҷрибаи корӣ пайваста талош менамоянд.

Давраи аввали озмуни “Китобхонаи намунавӣ” дар дигар шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуда истодааст.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ