11.07.2017. СЕМИНАРИ НАЗАРИЯВӢ-ОМӮЗИШИИ КИТОБДОРОН ДАР МАВЗӮИ «ВАЗЪИ ВОРИДШАВИИ КИТОБҲОИ НАВ ВА КОРКАРДУ ТАСНИФИ СОҲАВИИ ОНҲО»
Таъсири рушди босуръати илму технология дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаи имрӯза, аз ҷумла дар самти фаъолияти китобдорӣ баръало ба мушоҳида мерасад. Ба зершохаву зершуъбаҳои алоҳидаи нав тақсим шудани шохаҳову шуъбаҳои соҳаҳои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва истеҳсолӣ аз падида ва талаботҳои ҷаҳони пешрафта ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мутобиқи рушду тараққиёти замони ҷорӣ роҳандозии хизматрасонӣ дар китобхонаҳои кишвар зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 11-уми июн бо мақсади шиносонидани китобдорон, бавижа кормандони шуъбаҳои пурракунӣ ва коркарди адабиёт, маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо дигаргуниву навгониҳои соҳаи китобдорӣ семинари назариявӣ-омӯзишии «Вазъи воридшавии китобҳои нав ва коркарду таснифи соҳавии онҳо»-ро дар доираи ҷашнҳои 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва ифтитоҳи толори «Китобхонаи китобшиносӣ» баргузор кард.
Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар сухани ифтитоҳияш, баъд аз он ки иштирокчиёнро расман бо мавзӯъ ва мақсади семинари назариявӣ-омӯзишӣ шинос кард, дар бораи навовариҳои фарҳангӣ, беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ маълумоти мухтасар дод. Ӯ таъкид намуд, ки «таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳими пешбарандаи ҷомеа ба соҳаи китобдорӣ тайи даҳсолаи дуюми даврони Истиқлолият бештар шудаасту дар ин самт дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ омили рушди соҳаи мазкур дар ҳудуди вилояти Суғд гаштааст. Дар партави ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳо маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ барои ба талаботи замон мувофиқ кардани хизматрасонӣ дар самтҳои фаъолияти китобдорӣ ба ворид кардани тағйиротҳои сохторӣ ва навоварӣ ноил шуда тавонист. Аз ҷумла, толори махсуси хизматрасонӣ барои истифодабарандагони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд, толори илмӣ-таълимӣ барои донишҷӯёну магистрантон, аспирантону унвонҷӯён, муҳаққиқону устодон таъсис дода шуд. Ҳамчунин толори «Китобхонаи китобхонашиносӣ» низ, ки барои донишҷӯёни шуъбаи китобдорӣ китобдорону методистон, библиографони китобхонаҳои вилояти Суғд таъсис ёфт, омодаи хизматрасонӣ мебошад.
Иштирокчиён баъди шунидани сухани оғозӣ барои шиносоӣ ва гузаронидани семинари назариявӣ-омӯзишӣ аз толори маҷлис ба толори «Китобхонаи китобхонашиносӣ», ки фаъолияти худро расман бо баргузории ин семинар ҳусни ифтитоҳ бахшид, гузашта, баъд аз ошноӣ бо имкониятҳои толор барои шунидани маърӯзаҳо омода шуданд.
Нахуст муовини директори Китобхонаи вилоятӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ Мунира Ҳакимова дар мавзӯи «Вазъи воридшавии китобҳои нав, коркард ва таснифи дурусти соҳавии онҳо» суҳбат кард. Номбурда оид ба таърихи таснифи библиографии китобҳо, саҳми асосгузорони назарияи таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ ТКБ (ББК) ва таснифоти универсалии даҳӣ ТУД (УДК) Мелвил Дюи (1851–1931), Анри Лафонтен (1854–1943), Пол Отле (1868–1944) дар кашфу коркарди таснифи дурусти китобхонавӣ, аҳамияти ISBN (стандарти байналмилалии рақамгузории китоб), ISSN(стандарти байналмилалии нашрияҳои силсилавӣ), (нишони ҳуқуқи муаллифӣ), хусусиятҳои сохтори ТКБ, ҷадвали шуъбаҳои калонтарин ва зершуъбаҳо, тағйиру иловаҳои воридшуда ба он маълумот дод.
Сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятӣ Мавзуна Ҳамробоева дар мавзӯи «Тасвири библиографии асарҳои чопӣ дар нишондиҳандаҳо тибқи стандарти 7.1.2003» гузориш кард. Библиографи мазкур нозукиҳои кори тасвири библиографии асарҳои чопиро ба таври назарӣ бозгӯ карда, ҳамзамон амалан нишон дод. Вай ҳатмияти риояи қоидаҳои навишт, ҷой ва мавриди корбурди ҳар як аломати шартии барои тасвири библиографӣ зарурро, ба монанди «.–» (нуқта ва тире), «,» (вергул), «:» (ду нуқта), «;» (нуқта бо вергул), «/» (аломати хати моил ё каҷ), «[ ]» (аломати қавсайни росткунҷа) таъкид кард. Инчунин роҳу усули осони тасвири аналитикии мақолаи рӯзномаҳову маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои илмиву назариявӣ аз тарафи ин мутахассис ба иштирокчиён омӯзонида шуд.
Иштирокчиён дар танаффуси нимсоата баъди якпиёлагӣқаҳва нӯшидан аз фаъолияти шуъбаҳои навтаъсиси Китобхонаи вилоятӣ аз наздик шинос шуда, бо китобдорон суҳбатҳои инфиродӣ гузарониданд.
Дар бораи «Назарияи тасвири библиографии аснод», ки шомили масъалаҳои таърихи пайдоиши мафҳум, назарияҳои олимони аврупоиву шӯравӣ ва татбиқи стандартии ягона оид ба “тасвири библиографии аснод” буд, муовини директори Китобхонаи вилоятӣ Аҳрор Ахмедов маълумоти муфассал дод. Ӯ баробари бозгӯии фарқу афзалияти “тасвири библиографии феҳраст”-у “тасвири библиографии нишондиҳандаҳо” иштирокчиёни семинарро огоҳ кард, ки дурустии кори тасвири библиографии аснод омили асосии фаъолияти бенуқсону самараноки шуъбаҳои хизматрасонӣ ва ғайрихизматрасонии китобхонаҳо мебошад.
Дар идомаи гузориши мазкур сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ Абдуазиз Қаландаров дар мавриди «Ҳуҷҷатнигории вобаста ба коркарди китоб» суҳбат кард. Мутахассиси ботаҷрибаи номбурда ҳамчун собиқадори соҳаи китобдорӣ ба иштирокчиён хотиррасон кард, ки андак бемасъулиятиву хунукназарӣ дар самти иҷрои корҳои ҳуҷҷатнигории китобхонаҳо сабаби сар задани нуқсону хатоҳои оморӣ мегардад. Бино бар таъкиди ӯҳуҷҷатҳои гуногуни китобхона аз рӯи талаботу меъёрҳои муқарраршуда бояд тарзе пур карда шуда, нусхаҳои электрониву коғазии онҳо дастабандӣ ва ҳифз карда шаванд, ки дар оянд низ барои китобдорони навкор ҳамчун намуна хидмат карда тавонанд.
Дар хотимаи суҳбати мутахассиси ёдшуда ва оғози музокирот сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев, бо гурӯҳи ҳамкорон Парвина Рустамова, Олим Юсупов, Обода Шодиева ба толори “Китобхонаи китобхонашиносӣ” ташриф оварда, дар суханронияш таъкид намуд, ки иштирокчиёни семинар аз ин толори навтаъсис ва нерӯи зеҳнии Китобхонаи вилоятӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ самаранок истифода баранд ва соҳаи китобдориро ба яке аз соҳаҳои пешрафтаю бонуфуз табдил диҳанд.
Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ сардори шуъбаи феҳрастҳои Китобхонаи вилоятӣ Заррина Ҳомидова дар мавзӯи «Тасвири библиографӣ барои феҳрастҳо» бо иштирокчиён суҳбат намуда, дар мавриди тасвири библиографии якмуаллифа, думуаллифа ва семуаллифа, тартибу тарзи навишти ҳар як унсури тасвири библиографии феҳрастҳо ба монанди “сарлавҳаи асосӣ”, “намуди нашр”, “сарлавҳаи мувозӣ (параллелӣ)” “зерсарлавҳа”, “маълумот оид ба масъулин”, “маълумот оид ба нашр ва характеристикаи нашр”, “ҷойи нашр” “номи нашриёт”, “соли нашр”, “теъдоди саҳифа”, “+суратҳо” “андоза” “сарлавҳаи асосии силсила, рақами барориши силсила”, ”қайд”, “нарх” ба онҳо иттилоъ расонд. Баъдан ҳамаи иштирокчиён таҳти назорату раҳнамоии вай дар баргаҳои махсус китобҳои ба онҳо тақсимшударо аз рӯи назария тавсири библиографӣ карданд.
Дар музокирот сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китобхонаи марказии шаҳри Гулистон Султоналиева Ширинмоҳ, мудири китобхона- филиали №1 Ҳайдарова Замира, библиографи китобхонаи марказии ноҳияи Ашт Насиба Раҳимқулова, библиографи китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан Тоҳир Турдиалиев ва дигарон фаъолона ширкат варзида, аз сатҳи хуби баргузории семинари назариявӣ-омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор кардани чунин чорабиниҳои соҳавиро барои беҳбудии кор ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Дар поёни семинар файлҳои матни электронии гузоришу слайдҳои маърӯзачиён, варианти электронии дастури методии “Библиотечно-библиографическая классификация” (Москва, 2015) ба тамоми иштирокчиён ба таври ройгон дастрас гардид, то минбаъд аз рӯи он донишу таҷрибаи андӯхтаашонро такмил дода, ҳамзамон ба дигар ҳамкасбонашон низ биомӯзонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ