Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

НАВИДҲО АЗ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Бобоҷон Ғафуров

Китобдори китобхона-филилаи №28  Ҳакимҷонова Муҳайё 20-уми январ бо ҷалби хонандагони синфи 9 суҳбат дар мавзӯи «Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат» ташкил ва баргузор кард. Суҳбатро муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик Гадойбоева З. шурӯъ карда, хонандагонро ба мубоҳисаю муҳокимаронӣ даъват кард. Толибилмон баробари изҳори андешаи худ дар бораи Пешвои миллат, ҷавонӣ, ватан, модар шеъру суруд, гуфтору мақол қироат карданд. 

 ***

Дар китобхонаи марказӣ санаи 30-юми январ бо иштироки китобдорони китобхонаҳои ноҳия ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия  суҳбат дар мавзӯӣ «Нест бод ифротгароӣ»  гузаронида шуд. Мутахассис оид ба корҳои дин ва танзими расму анъана  Темиров Улуғбек ва корманди корҳои дохилӣ Ашӯров Ашӯр дар мавзӯи суҳбат бо донишҷӯён мубодилаи афкор карда, дараҷаи донишу ҷаҳонбинии онҳоро санҷида, маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ин бора китобдор Воҳидова Ш. иттилоъ додаст. 

Бӯстон

Аз санаи 6-ум то 11-уми феврал ҳафтаи муаррифии асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» байни кормандони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои маҳаллаҳои шаҳр барпо гардид. Дар давоми як ҳафта ғайр аз маҳфилҳои муаррифӣ, намоиши китобиву матбуотӣ, суҳбату вохӯриҳо дар мавзӯи аҳамияти асарҳо ва муҳимтарин нуктаҳои Паёми сарвари кишвар доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо ғайр аз китобдорони китобхонаҳо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Мамнур МЭЛС низ дар ин чорабиниҳо фаъолон ширкат варзид.

 

Деваштич

 

Дар китобхонаи марказӣ бо ҷалби китобдорони китобхонаҳо барномаи маърифатӣ – «Аҳамияти китоб дар ҳаёти кӯдакон»  санаи 16-уми январ баргузор шуд. Китобдорон дар ин чорабинӣ андешаҳояшонро доир мавзӯъ баён карда, зимнан баъди чорабинӣ барои такмили лаёқати суханронӣ ва ифодаи матлаб аз методистон маслиҳатҳо гирифтанд. Дар ин чорабинӣ хонандагони мактаби санъати ноҳия ҳунарнамоӣ карданд.

Ба ҳамин монанд конференсияи хонандагон дар мавзӯи «Фарзанд бошад, чӣ сон бошад!»  санаи 23-уми январ бо иштироки хонандагони МТМУ №1 ташкил ва барпо гардид. 

 

Зафаробод

 Санаи 7-уми феврал дар Китобхонаи марказии ноҳия суҳбат дар мавзӯи «Соли 2017–соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» ташкил карда шуд. Директори КСМ-и ноҳия Азизов Баҳодур ба иштирокчиёни чорабинӣ мухтасар дар бораи Барномаи вилоятии «Соли 2017–соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», ки бо Қарори раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ санаи 26-уми декабри соли 2016 қабул карда шуд, маълумот дод.

***

Дар китобхона-филиали №3 шаҳраки Меҳнатобод бахшида ба зодрӯзи асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ  маҳфили адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони  «Султони суханварон» шуд. Дар он хонандагони МТМУ №2, №14 ва Гимназияи №18 иштирок ва баромад намуданд. Чорабиниро мудири китобхона-филиали №3 оғоз намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Алишер Навоӣ иттилоъ дод. Хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеърҳо қироат намуданд.

Санъаткорони Хонаи фарҳанги шаҳраки мазкур бо барномаи ҷолиби консертӣ табъи хонандагонро шод гардониданд.  Иштирокчиён аз намоиши китобӣ низ баҳра бардоштанд. Ба беҳтарин ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Истаравшан

 

Дар Кохи маданияти Ҷамоати деҳоти  Қалъачаи Калон китобдори китобхона-филиали №15 Ҳасанова Т. бо ҳамкории синфҳои 11 озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир кард. Дар озмун кадбонуҳо Муслима, Инобат, Мусаллама, Мунира ва Сайёра иштирок доштанд. Гурӯҳи созиву овозии «Бахт»  бо роҳбарии Саъдулло Каримов барои иштирокчиён сурудҳо хонданд. Ин чорабинӣ санаи 10-уми феврал баргузор гашт.

***

Санаи  3-юми феврал дар Кохи маданияти деҳаи Сӯфӣ-Ориф бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъол– Мираминов Б., Ӯрунов А., Ашӯров М., Ҳомидова М., Ҳамдамова М. доир гардид. Донишҷӯён ба додарону хоҳаронашон–хонандагон дар бораи таҳсил, шароиту имкониятҳои таълим, мақсади ояндаашон маълумот дода, ба технологияи ҷадид ва забономӯзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданро таъкид намуданд.  Дар хотимаи вохӯрӣ Ҳамдамова Х. ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №15 ба номи М. Акбаров  ба донишҷӯён барор таманно намуда, хонандагонро таъкид кард, ки бояд оянда мисли меҳмонони вохӯрии имрӯза на фақат дар мактабҳои олии кишвар, балки дар муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ низ ба такмили дониш машғул шаванд. 

Конибодом

 Дар китобхона-филиали №12  дар доираи тарбияи ватандӯстӣ хонандагон дар маҳфили «шоҳномахонӣ» санаи 10-уми феврал ширкат карда, донишу истеъдоди худро санҷиданд. Дар ин чорабинӣ  фишурдаи зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ  ва арзиши ахлоқии «Шоҳнома»-и вайро китобдори китобхонаи мазкур Ҳоҷибоева Н. ба самъи талабагону омӯзгорон расонид. Директори КСМ Қодирова Б. дар поёни маҳфил хонандагону устодонро барои ҳамкориву иштирок миннатдорӣ баён кард.

Мастчоҳ

Бо ташаббуси Китобхонаи марказии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва алоқамандони маҳаллии Ширкати атрсозии «Faberlic» дар толори МТМУ №16 санаи 10-уми феврал дар мавзӯи «Зебоӣ ва зебоипарастӣ» маҳфили маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ  кормандон ва мутахассисони ширкати «Faberlic» ба аҳли толор роҳҳои солиму зебо нигоҳубин кардани даст, рӯй ва мӯйро бо истифодаи маҳсулоти ширкат дар амал нишон доданд. Аз тарафи китобдорони китобхонаи мазкур ғайр аз китобҳо, инчунин маҷаллаҳои «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон» ба намоиш гузошта шуд.  Хонандагон бо шеъру таронаҳо, саҳначаю рақс, намоиши либосҳои миллӣ, омода намудани хӯриш ширкат карданд.  Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Баҳриддинзода Мавлудахон, директори мактаби мазкур Шарифова Орзугул  дар суҳбату суханронияшон  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳукумати кишварро дар мавриди  дастгирии занону духтарон ва ҷавонон таблиғу ташвиқ карданд.