Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

16.02.2017 Вохӯрӣ бо мутахассисон–табибони стоматолог

Саломатӣ ва зебоӣ бо якдигар алоқаманданд. Инсони тандуруст ба зебоӣ ва зебоипарастӣ майли бештар дорад. Баробари рӯ ба беҳбудӣ ниҳодани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷомеа ба саломатӣ ва бар ин замина ба зебоиву зебоипарастӣ низ афзуд.

Санаи 15-уми феврал китобдорони шуъбаи адабиёти тиббии Китобхонаи вилоятӣ  бо дарки ин нуктаи муҳим ба баргузории маҳфили вохӯрӣ бо табибони стоматалоги шаҳри Хуҷанд иқдом карда, ба маҳфил донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаро ҷалб намуданд.

Методисти шуъбаи илмӣ-методӣ меҳмонони маҳфилро баъди сухани ифтитоҳии директори  Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром ба иштирокчиён шиносонид.

Намоиши слайди инъикосгари фаъолияти стоматологон, на фақат барои донишҷӯён, балки барои худи табибон низ ҷолиб буд. Инро дар суҳбати худ сардухтури Дармонгоҳи стомалогии вилояти Суғд Умаров Содиқ ёдовар шуда, таъкид кард, ки китобдорони Китобхонаи вилоятӣ дар нишон додани меҳнату заҳмат ва мақоми мо хеле кӯшиш ба харҷ додаанд. Табиби номбурда ғайр аз слайд инчунин намоиши муҳимтарин асбоби кории стоматологонро дар назар дошт.

Мутахассисони Муассисаи стоматологияи «Дента», «Марвориди Суғд», «ИГНЭС»  Бобоева Мукаррама, Мақсудов Ҳоҷишокир, Икромова Гулнора дар суҳбатҳои худ дар мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемориҳои дандон изҳори назар карда, зарурат ва аҳамияти шустани дандонҳо ва паёмадҳои нохуши риоя накардани гигиенаи дандонро муфассал ба иштирокчиён фаҳмониданд.

Донишҷӯёну хонандагон ва китобдорон ба ҳар як мутахассис дар алоҳидагӣ саволҳо дода, посух гирифтанд.

Гузориши ҷолиби китобдори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Гадойбоева Дилрабо  иштирокчиёни маҳфилро ба ёди техник, дандонсоз ва ташкилотчии моҳир Раҳимов Муродҷон (1959-2014) бурд. Номбурда бар замми он ки солиёни зиёд ба аҳолӣ ҳамчун духтури дандонсоз хидмат кардааст, соли 2001 Маркази стоматологии «Дента»-ро таъсис дода, дар он то дами марг ба ҳайси сардухтур фаъолияти босамар бурдааст.

Баргузории ин маҳфил аз он дарак медиҳад, ки китобдорон на фақат бо хизматрасонии китобӣ ба аҳолӣ, балки бо ташкил ва барпо кардани чорабиниҳои маърифатӣ саҳми худро дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ба таври шоиста гузошта метавонанд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ