Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

20.02.2017 Талабаҳои Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Китобхонаи вилоятӣ

Китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои ҳар чи бештар ҷалбшавии истифодабарандагон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда сатҳи хизматрасониро ба талоботи замон мутобиқ карда истодаанд. Тайи як моҳ аст, ки тавассути оинаи нилгуни дар девори саҳни ошёнаи дуюм рӯбарӯ бо зина насбшуда муҳимтарин нуктаҳои илмӣ наворгардон мешавад.  Аз ин нуктаҳои илмӣ, ки навидҳои фаннӣ низ ҳисобида мешаванд, ҳар як хонандаи ба китобхона ворид шуда, як иттилои тоза хонда, ба хотир месупорад. Дар таҳияи иттилоот, тазйин ва марвиди баҳрабардорӣ қарор додани он кормандони шуъбаҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва шуъбаи электронӣ саҳмгузоранд.

Дар Соли ҷавонон, чи тавре мушоҳида мешавад, сафи китобхонҳо аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, магирстрантону аспирантон зиёд шуда истодааст. Толорҳои хониши шуъбаҳои толори хониш, хизматрасонӣ, тиббӣ, санъат, матбуоти даврӣ, наврасон, толори махсуси хизматрасонӣ аз ҳарвақта серистифодабарандатаранд.  Илова бар ин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияҳои ба шаҳри Хуҷанд наздик гурӯҳ-гурӯҳ бо роҳбарии омӯзгоронашон ба Китобхонаи вилоятӣ барои шинос шудан меоянд. Ҳузури 27 нафар талабаи синфи 4”б”-и Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонанадгони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сардории омӯзгори ботаҷрибаи синфҳои ибтидоӣ Самадова Бимайрам дар китобхонаи вилоятӣ нимаи дуюми имрӯз(20.02.2017) далели равшани ин гуфта мебошад.

Китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Рабиева Рокия роҳбаладии ин гурӯҳро бар уҳда гирифта, онҳоро бо муҳимтарин шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ, ба вижа бо шуъбаи адабиёти наврасон ошно кард. Сардори шуъбаи адабиёти наврасон Собирова Дилрабо хонандагонро пешвоз гирифта, ба онҳо дар бораи хазинаи шуъба ва шарту тарзи обунашавӣ барои хониш дар толор ва хона, баргузори маҳфилҳои афсонахонӣ, расмкашӣ ва озмунҳо маълумот дод.

Муаллимаи онҳо Самадова Бимайрам чашм, зеҳну ҳӯшашро пурра ба мушоҳидаю таҳлили симои шогирдон ва зуҳури эҳсосоту ҳаяҷонҳои онҳо нигаронида буд, то натиҷагирии ин шиносоиро дар алоҳидагӣ ҳини муносибат дар дарсҳо ба таври инфиродӣ барои баланд бардоштани рағбати донишандӯзияшон ба кор барад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

Аксбардор: Қаландаров Абдулазиз