21.02.2017 НАВИДҲО АЗ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Ашт
Санаи 17-уми феврал дар китобхонаи бачагона маҳфили адабӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Муҳофизони фардои Ватан» барои хонандагони синфҳои поёнӣ барпо шуд, ки дар он муовини комисари ҳарбӣ, сардори зершуъбаи сарфарбарӣ майор Тошев Хайрулло суҳбат карда, аҳамияти хизмати ҳарбӣ ба Ватанро ба талабагон фаҳмонид.
Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон санаи 7-уми феврал дар толори бахши фарҳанги ноҳия бо мақсади ҷалби ҷавонон ба санъату зебоипарастӣ маҳифли 25-солагии фаъолияти эҷодии омӯзгор, навозанда ва бастакор Комилҷон Латипов доир гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, декани факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих Аминҷонов Раҳимҷон, мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷӯрабойзода Б. баромаду суханронӣ карданд. Аз оҳангҳои бастакор сарояндагон Анвар Ахмедов, Акрам Абдуллоев, Аҳмадҷон Очилбоев, Шуҳрат Набиев, Қодирҷон Мирашӯров, Тулқин Тоҷибоев сурудҳо хонданд. Дар ин бора китобдор Воҳидова Ш. иттилоъ додаст.
Гулистон
Чорабиние, ки санаи 15-уми феврал дар Китобхонаи марказии шаҳр бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, барои хонандагони фаъоли китобхона хеле хубу таъсиргузор буд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Қосимова Ш.К. ширкат карда, хонандагон ва китобдорон аз тозатарин иқдомҳои созандаи ҲХДТ хабардор сохт.
Деваштич
Бо ташаббуси китобдорон дар МТМУ№38 суҳбат дар мавзӯи «Ҷавонон–созандагони давлат» гузаронида шуд. Хонандагони синфи 8 Ёқубов Далер, Саъдуллоев Суҳайл, Сабринаи Бунёд, Дадобоева Мунира аз номи ҳамсинфонашон ба суҳбат ҷалб шуда, зимнан хабар доданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони Соли ҷавонон бори дигар собит карданд, ки ояндаи Тоҷикистонро маҳз насли наврасу ҷавон соҳибӣ хоҳад кард.
Истаравшан
«Родмардони Ватан» ном маҳфил дар ҳамкории китобдорони китобхона-филиалҳои №4, 7, 8, 9, 19, 20 дар МТМУ №25 деҳаи Кунҷок бо ҷалби собиқадори меҳнат, ҷанговари Фозилов Фозил баргузор шуд. Пеш аз он ки меҳмони маҳфил бо хонандагони суҳбат оғоз кунад, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Қодиров Ӯ. ва китобдори китобхона-филиали №7 Юсупов Ф. маҳфилро ифтитоҳ бахшида, дар бораи аскарону афсарон ва хизмати ҳарбӣ изҳори назар намуданд. Талабагон Ҳасанова Х., Зокирова М., Юлдошбекова И. дар мавзӯи маҳфил шеърхонӣ карданд. Хонандагони синфи 9 саҳначаи ҷолиби «Сарбози Ватан» ба намоиш гузоштанд. Маҳфили мазкур санаи 14-уми феврал доир гашт.
Конибодом
Санаи 18-уми феврал дар толори китобхонаи бачагона суҳбат дар мавзӯи «Ватан – имрӯзу ҳам ояндаи мо» доир гашт. Дар суҳбат мудир ва китобдори китобхонаи бачагона Абдуллоева М. ва Ҳамдамова Ш. дар мавзӯи мавриди назар бо хонандагони МТМУ№4, ки аввал дар бораи Ватан ва дигар арзишҳои милливу фарҳангӣ шеърхонӣ карданд, саволу ҷавоб гузаронида, завқи онҳоро нисбат ба масъалаи хизмат ба Ватан ва намоиши китобии ташкилшуда муайян намуданд. Корманди бахши фарҳанги шаҳр Баҳром Ҳамдамов дар васфи Ватан сурудҳо хонд.
***
Озмуни «Рассоми ҷавон» бо иқдоми китобдори китобхона-филиали №3 шаҳр санаи 16-уми феврал доир шуд. Қаламкашони ҷавон Ғафурова Аниса, Маҳкамова Фархунда, Боҳирова Шукрона, Воҳидова Зарнигор, Атаева Мутриба, Шокирова Гулшан, Икромова Фарзона, Маҳкамова Нозанин дар мавзӯи озмун «Тоҷикистон–сарчашмаи оби зулол» истеъдоди худро санҷиданд. Беҳтаринҳоро директори Китобхонаи марказии шаҳр Қодирова Б. бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.