Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

22.02.2017 КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВБАРҚАРОРКУНӢ ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ БОСУРЪАТ ПЕШ МЕРАВАД

Баъд аз боздиду шиносоии Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз вазъи хизматрасонӣ, ҳолати бинои Китобхонаи вилоятӣ ва дастуру супоришдиҳӣ корҳо дар самти баландбардории сатҳи хизматрасонӣ ва таъмиру азнавбарқароркунии бинои китобхона босуръат пеш рафта истодааст.

Дар девори саҳни ошёни  дуюм, рӯбарӯ бо зинаи даромадгоҳ оинаи нилгун насб гардида, навидҳои илмиву  фарҳангӣ, нуктаҳои муҳимми илмӣ, таълимӣ ва ахлоқӣ бо ороиши зебо ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар китобхона раванди такмилу коркарди махзани китобӣ бомаром идома дорад.

Боиси сипосгузории китобдорону истифодабарандагон аст, ки тибқи Қарори Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таҳти №54 аз 10-уми феврали соли 2017 барои таъмири боми китобхона 432 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо ҷалби муҳандисону сохтмончиён кори таъмиру бомпӯши бинои Китобхонаи вилоятӣ шурӯъ кардааст. Кори болопӯш кардани боми Китобхонаи вилоятӣ бо сифати хеле баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифат сурат мегирад.

 

Аксбардор: Қаландаров Абдуазиз

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ