Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

23.02.2017 КИТОБДОРОНУ ОМӮЗГОРОН ХОНАНДАГОНРО БА ВАТАНДӮСТӢ ТАЛҚИН МЕКУНАНД

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Мардуми шарифи Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун нерӯи тавонову посдори сулҳу оромии кишвар эҳтироми хоса зоҳир менамоянд».  Барои ба ин боварӣ сазовор шудани насли наврасу ҷавон, ки ояндаи дурахшони Ватани азизамон ва хизмати ҳаматарафа ба он бар дӯши онҳост, на фақат омӯзгорону устодон, балки китобдорон низ саъюй талош меварзанд, яъне ҳамкории хуб бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна доранд. Онҳо санаи 21-уми феврал маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ бо  номи «Ҳомиёни Ватан» бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон  дар толори МТМУ№30 шаҳри Хуҷанд  баргузор карданд.

Баъди қабули аскарону афсарони намоянда аз Гарнизони Комендатураи қисми ҳарбии 03377 китобдори китобхона-филиали №5 Солиева Гулчеҳра дар мавзӯи “Роҳи тайкардаи Артиши кишвар” баромад карда, китобҳову маҷаллаҳои ба намоишгузоштаро муаррифӣ намуд. Хонандагони синфҳои 10-11-и мактаби  номбурда бо иҷрои машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ омодагии худро барои хизмат ба Ватан дар назди синфҳои поёнӣ нишон доданд.  Аз ҷониби хонандагони синфҳои 5-8 шеъру гуфторҳо дар бораи ҷавонмардӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, Ватан-модар қироат карда шуд. Ҳамчунин саҳначаи «Гусели ба аскарӣ» ва рақс аз тарафи хонандагони синфҳои поёнӣ ба намоиш гузошта шуд.

Аскари қатории қисми ҳарбии мазкур Қосимов Муҳаммад аз ҷараёни хизмати ҳарбӣ, шароиту имконият, меҳри ватандорӣ, иззату эҳтироми падару модар ва муносибат бо ҳамяроқон барои мактабиён маълумот дод.

Директори мактаб Қодиров Абдурасул  дар поёни маҳфил барои ҳамкорӣ ба афсарону аксарон ва китобдорон миннатдорӣ баён карда, хонандагонро ба дӯст доштани Ватан ва омода ба хизмати он талқин намуд.

Дар остонаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани ин маҳфили ҳамдастӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки шаҳрвандони кишвари азизамон ба қадри сулҳу Ваҳдат, осудагиву ободӣ мерасанд ва  ҳомиёни шуҷои марзу буми давлатро барои хизмати шабонарӯзияшон арҷ мегузоранд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ