28.02.2017. БА КИТОБХОНАҲОИ НАВ 200 КИТОБ ҲАДЯ ШУД
Дар Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ғайр аз китобхонаи марказӣ ва бачагона, инчунин китобхона-филиалҳои шаҳру деҳот ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳияи Айнӣ 36, Ашт 27, Бобоҷон Ғафуров 29, Бӯстон 1, Гулистон 8, Деваштич 24, Зафаробод 12, Истаравшан 26, Исфара 20, Конибодом 27, Мастчоҳ 17, Спитамен 20, Ҷаббор Расулов 20, Шаҳристон 9 китобхона-филиал фаъолият доранд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 8 китобхона-филиал фаъолият мебарад.
Соли равон дар ин ноҳия боз китобхона-филиалҳои нав таъсис ёфтанд. Аз ин рӯ, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳамчун маркази дастурии китобхонаҳои вилоят ҷиҳати ғанӣ гардонидани махзани китобии китобхонаҳои нав саҳм гузошта, аз махзани шуъбаи мубодилавӣ-захиравӣ ба таври ройгон 200 нусха китоб дар ҳадя намуд.
Таъсисёбии китобхона-филиалҳои нав дар ҳудуди вилояти Суғд аз мақоми баланд касб кардан ва саҳми беандоза доштани китобхонаҳо дар шаклгирии мафкураи ҷомеа ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон дарак медиҳад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ