Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

28.02.2017. МАҲФИЛИ МАЪРИФАТӢ БО ДОНИШҶӮЁН

МАҲФИЛИ МАЪРИФАТӢ БО ДОНИШҶӮЁНҶомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли муаммоҳои умумиҷаҳонии вобаста ба об дар оғози садаи ХХI аз тарафи мамлакатҳо ва СММ гарм истиқбол ёфт. Чуноне ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати давлат дар ин самт ва самтҳои дигар аз ҷониби мутахассисони худи соҳа ба роҳ монда шавад, самарабахштар хоҳад буд.

Санаи 28-уми феврал бо дарки ин нукта китобдорони шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ бо ҷалби устодон, донишҷӯёну магистрантони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров маҳфили  илмӣ дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар тадқиқи захираҳои обии Тоҷикистон ва дурнамои истифодаи босамари онҳо» доир карданд.

 

Ин маҳфил чуноне, ки директор Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром таъкид кард, ба муносибати қабул шудани қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва дар доираи Соли ҷавонон баргузор шуд. Директори китобхона дар ҳудуди вилояти Суғд бо ташаббуси раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ эълон шудани “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ”-ро қадамҳои аввалин ва устувори татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар баршумурд.

Дар садорати ин маҳфил сармутахассиси Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳи мазкур номзади илмҳои филологӣ Абдуллоев Ромис, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Собиров Мурод, номзади илмҳои кишоварзӣ, устоди кафедраи номбурда Мансуров Бахтиёрҷон қарор доштанд.

Аз рӯи барнома магистранти курси I факултаи мазкур Каримова МадинаЗахираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо” ном маърӯза карда, баъди баёни аҳамияти захираҳои оби кишвар ва сиёсати давлатии Тоҷикистон дар истифодаи он таъкид кард, ки соли 2013 дар Туркманистон хушксолӣ рух дод ва кишвари мо новобаста аз камии сатҳи оби обанбори Норак барои ёрӣ расонидан ба бародарони туркман дарвозаҳои обанборро кушод.

Достент Собиров Мурод дар маърӯзаи “Дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015» нахуст ёдовар шуд, ки аз тарафи СММ пазируфташавии иқдомҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ҳисси инсондӯстӣ ва нақшаҳои дурбинонаву ғамхоронаи тоҷиконро дар ҳифзи арзишҳои табии сайёра ифода мекунад.

Гузориши унвонҷӯ Маҳмудҷонова Музайяна дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин захирагоҳи сарватҳои обии Осиёи Марказӣ» барои донишҷӯён хеле судманд буд. Маърӯзаи номзади илмҳои кишоварзӣ, сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат Мансуров Бахтиёр дар мавзӯи «Омилҳои асосии иҷтимоию экологӣ барои пешгирии муаммоҳои вобаста ба об (дар мисоли обҳавзаи хурди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар доираи Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020)», ки хусусияти назариявию амалӣ дошт, диққати иштирокчиёнро бештар ба худ ҷалб кард.

Аз китобдорон сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятӣ Ҳамробоева Мавзуна дар мавзӯи «Китобхона – тарғибгари ташаббусҳои фардоофарини Пешвои миллат» суҳбат карда, бо муаррифӣ ва шарҳи мухтасари мундариҷаи китобҳои дар масъалаи об нашршуда саҳми китобдоронро дар татбиқи сиёсати пешгирифта ва ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар нишон дод.

Дар қисми музокира аҳли маҳфил, хусусан донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифтанд. Аз ҷумла, ба саволи донишҷӯ Тоҷибоев Рамазон  дар мавриди истифодаи об дар соҳаи хоҷагии қишлоқ дар деҳоти дурдаст дотсент Собиров Мурод ҷавоби муфассал дод.

Чи тавре гузоришгарон ва ташкилкунандагони ин маҳфил таъкид карданд, минбаъд он дар ҳамкории шуъбаи техникӣ-кишоварзии Китобхонаи вилоятӣ ва факултети геоэкологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ҳамчун маҳфили доимӣ моҳе як маротиба бо ҷалби ҷавонони алоқаманд ба ин мавзӯъ доир хоҳад шуд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ