Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

28.02.2017. Гиромидошти нависандаи машҳури англис Чарлз Диккенс дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ

Чарлз ДиккенсСанаи 28-уми феврали соли 2017 бо ташаббуси кормандони шуъбаи адабиёти забони хориҷӣ ва муаллимону донишҷӯёни факултаи забони хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ бахшида ба 205-солагии нависандаи англис Чарлз Диккенс гузаронида шуд.  Нахуст сардори шуъбаи забонҳои хориҷии китобхона Амонова Муҳаббат баромад намуда, иштирокдоронро ба китобхона хайрамақдам гуфт ва  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Китобдори шуъбаи забони хориҷӣ Ҳоҷибоева Санъатхон бо маърӯза таҳти унвони “Забони англисӣ – забони муошират” баромад намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши забони англисӣ ва дараҷаи истифодаи ин забон, инчунин нигоҳи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати забономӯзии ҷавонон маълумот дод. Номбурда, аз ҷумла, афзуд, ки омӯзиши забони хориҷӣ басо муҳим буда, донистани ин забон барои мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо мусоидат мекунад.

Китобҳои нависандаи машҳури англис Чарлз Диккенсро муаллимаи факултаи забони хориҷӣ – Абдукаримова Фирӯза муаррифӣ кард. Дар мавзӯӣ фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии Чарлз Диккенс донишҷӯёни курси чоруми факултаи забони хориҷӣ байни ҳам сабқат варзиданд.

Маърӯзаи докторанти кафедраи фонетика ва лексикологияи факултаи забони хориҷӣ Қӯзиева Шарофат таҳти унвони “Барои чӣ мо забони англисиро меомӯзем” шунидавонида шуд. Мудири кафедраи назария ва амалияи факултаи забони англисӣ Юсупова Мунира бо донишҷӯён суҳбат ороста, дар поён изҳор дошт, ки дар оянда бо шуъбаи адабиёти забони хориҷии Китобхонаи вилоятӣ робитаи доимӣ ва ҳамкории устуворро ба роҳ хоҳад монд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ