Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

07.03.2017. РӮЗИ МОДАР – РӮЗИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ҶОМЕА

Барои ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқӣ гирифтани маҳфили вохӯрии идонаи «Зан – фариштаи осмонӣ» китобдорон Рӯзи Модарро санаи 6-уми март дар китобхона-филиали № 1 бо ҷалби хонандагони синфҳои 5, 6, 7 МТМУ № 22-и ба номи Ҷаббор Расулов ташкил ва баргузор карданд.

Дар маҳфил бонувони ботаҷрибаи шаҳр Раиси занҳои маҳаллаи 18-ум Обидова Меҳринисо, собиқ кормадони китобхона Шарипова Мунаввара, Шокаримова Ҳоҷинисо, Акрамова Қумринисо, инчунин мудири китобхонаи Гимназияи № 24 Арипова Фотима, ҷонишини директори МТМУ № 22 оид ба корҳои таълим Лола Ғафурова ширкат ва суҳбат карданд.

Барандаи маҳфил китобдори дараҷаи I Ҳайдарова Замира пас аз сухани оғозин  риштаи суханро ба Лола Ғафурова дод. Вай ҳамаи иштирокчиёнро табрик намуд.  Хонандагони синфҳои 5, 6, 7 модар–занро бо  қироати шеър ва гуфторҳо ситоиш карданд.

Суруди «Модари ҷон»-ро хонандагони синфи 6 «В» Пӯлотов Улуғбек ва Пӯлотова Парвина сароиданд. Якчанд адабиёт аз рӯйхати тавсиявӣ бо кӯшиши китобдори шуъбаи хизматрасони Норматова Зуҳро ба самъи иштирокчиён расонида шуд. Намоиши саҳначаи «Модари ман – нури ман», ки хонандагони синфи 7 намоиш доданд, аз меҳру муҳаббати онҳо ба модар дарак медод. Шарҳи мухтарасари теъдоде аз китобҳои тозавориди ба мавзӯи баҳо ихтисосдодашударо корманди китобхона-филиали №3 Ҳайдарова Гулчеҳра ба уҳда гирифта, онро дар сатҳи хуби касбӣ иҷро кард. Барои ҷолибтар шудани маҳфил духтарони синфи 6 «В» бо рақси гурӯҳӣ баромад намуда, ҳунару истеъдодашонро нишон доданд.

Аз тарафи сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Ҳусейнова Муҳаббат ҳикояи ҷолибе дар бораи як модари муштипар нақл карда шуд. Толибаи синфи 7 Холматова Ҳусния “Аллаи модар”-ро замзама кард.

Дар мавзӯи зан ва мақоми он дар ҷомеа ҳамчун модар китобдори китобхона-филиали№4 Ҷалолова Мухбира бо хонандагон саволу ҷавоб доир кард.

Сардори шуъбаи толори хониш Мирзоева Шарафнисо бо дастагули тару тоза меҳмонони вохӯриро ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, маҳфилро ҳусни хотима бахшид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ