10.03.2017. Навидҳо аз ноҳияҳо
Ашт
Санаи сеюми марти соли 2017 дар китобхонаи марказии ноҳия чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар тоҷи офариниш ва мояи зиндагист» баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори китобхона Ашӯров Б. ширкат варзида, маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва пеш бурдани онро ба уҳда гирифт. Дар чорабинӣ рақсу суруд, саҳнаҳо аз тарафи хонандагони гимназияи №1-и ноҳия намоиш дода шуд. Аз ҷумла, хонанадгон Зиёбиддинова Хубон ва Мирзовалиева Назира бо суруди “Бемор машав модар” табъи ҳозиринро болида гардониданд. Дар охир аз тарафи директори китобхона ба иштирокдорони фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд. Илова бар ин дар толори марказии китобхона дар мавзӯъҳои “Аз модар маҳбубтар касе нст”, “Хуб шуд, ки зан бадавлат ёр шуд”, “Модарон – олиҳаи яктои дунё шумо” намоиши китобӣ доир гардид.
Бобоҷон Ғафуров
Санаи шашуми марти соли равон аз тарафи омӯзгорон ва хонандагони № 71 ноҳия маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модарон таҳти унвони “Ҷаннат дар зери пойи модарон аст” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои 10 “а” ва 10 “б” фаъолона ширкат варзида, чорабиниро ба тариқи озмун доир карданд. Дар охир аз тарафи маъмурияти мактаб ба хонандагон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Конибодом
Санаи 24-уми феврали соли 2017 дар толори Литсейи саноати кишоварзии ноҳия бахшида ба садсолагии ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова маҳфили адабӣ-бадеӣ баргузор гардид. Дар маҳфил аз тарафи хонандагон шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ қироат гардида, санъаткорони хонаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳо табъи иштирокдоронро болида гардониданд.
Панҷакент
Аз тарафи кормандони китобхонаи филиали №24 ва хонандагони МТМУ № 14-и ноҳия маҳфили “Модар нахустустоди башарият” доир гардид. Дар чорабинӣ директори китобхонаи № 24 Мастонова Гулрӯ дар мавзӯи “Модар–сафобахшандаи ҳаёт” маърӯза намуда иштирокдорон ва пайвандони онҳоро ба Иди бонувон табрик кард. Ҳамчунин хонандаи фаъоли китобхона Шарипова Навбаҳор бо суруди “Алла” баромад намуд. Дар охир иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Спитамен
Санаи дуюми марти соли ҷорӣ аз тарафи китобхонаи марказии ноҳия Семинари навбати таҳти унвони “Ҷавонон ворисони ояндаи Пешвои миллат” баргузор гардид.
Санаи сеюми марти соли 2017 бо ташаббуси кормандони китобхонаи филиали № 14 маҳфил дар мавзӯи “Зан ва оила” доир гардид. Дар маҳфил як гурӯҳ занони фаъоли ноҳия бо роҳбарии раиси Кумитаи бонувони ноҳия ширкат варзиданд.