07.03.2017. МАҲФИЛИ ИДОНАИ МУШТАРАКИ КИТОБДОРОНУ МУРАББИЁНИ КӮДАКИСТОНИ №15 ШАҲРИ ХУҶАНД
Модарон ҳамеша мазҳари зебоӣ ва офтоби меҳрубонӣ бар сари фарзандонанд. Ба қадри модарон бештар кӯдакон мерасанд, ҳарчанд зоҳиран ташвиши ширини онҳоро даҳчанд афзоянд ҳам.
Дар ташаккулдиҳии ахлоқи ҷомеа уҳдадории бештар бар дӯши модарон аст. Зеро нуфузи ахлоқии зотии модар ҳамчун офарандае, ки бисёртар бо кӯдак сарукор доштаву ҳастияшро фидои ӯ мекунад, бештар аз нуфузи тарбиявии мураббиву муаллим аст. Ин аст, ки ҳакиме таъсиррасонии як модари покдомани доноро дар ташаккулу рушди ахлоқиву илмии инсон аз таъсири илмиву ахлоқии дусад устоди донишманд бартару болотар шуморидааст.
Санаи 7-уми март бо ҳадафи нишон додани мақоми модар дар тарбияи маънавии фарзанд китобдорони китобхона-филиали №5 маҳфили идона бо ширкати модарони кӯдакони тарбиягиранда дар Кӯдакистони № 15 шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.
Бо роҳбарии мураббия Ҷумаева Баҳринисо дар ин маҳфили муштарак кӯдакони гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб – “Лола” бо шеърхонӣ дар васфи баҳор, Модар, суруди умумии “Модар”, табриксозии модарон, ширкат дар бозии “Кӣ тезтар ба лӯхтакҳо либос мепӯшонад” (духтарчаҳо), рақси “Деҳқонбачаҳо”(писаракон) ширкат карданд.
Бавижа, шеърхонии ҷолиби Оиша, Ҳанифа, Шарифҷон, рақси гурӯҳи “Офтобак” ва баромади саҳнавии Баҳору Бобои Деҳқон хеле шавқовару мароқангез буд. Суханҳое, ки кӯдакон дар васфи модаронашон ҳангоми табрик баён карданд, самимитарин ва нобтарин калом буд. Инчунин намоиши слайди ифодагари мақоми маънавии занро дар таҳияи мураббияи Кӯдакистон№15 Ҷумаева Баҳрӣ ва китобдори китобхона-филиали № 5 Солиева Гулчеҳра кӯдакон бо завқ тамошо карданд.
Ин маҳфили муштаракро модарони кӯдакони тарбиягирандаи Кӯдакистони мазкур, ки баробари мушоҳидаи рушди маънавии фарзандонашон аз суханҳои нарми мураббиён ва таҳнияти китобдорон ба ваҷд омада буданд, маҳфили хуби тарбиявӣ ахлоқӣ ва самараи Истиқлолияту озодӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ эътироф карданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ