Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

10.03.2017. НАМОИШИ РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛАҲО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

Донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дар шуъбаи матбуоти даврӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик намоиши кушоди матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат карданд.

Намоишро сардори шуъба Ҳусейнова Муҳаббат оғоз карда, донишҷӯёнро ба ин муносибат табрик гуфт.

Китобдори шуъбаи матбуоти даврӣ Ибодуллоева Раъно Китобдори шуъба Ибодуллоева Раъно зимни намоиш аз мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Илм ва ҳаёт», «Масъалаҳои маориф» ва дигар рӯзномаҳо ба донишҷӯён иттилоъ дод.

Китобдор Муҳаммедова Заррина «Бухорои шариф ва нақши он дар пайдоиш ва рушди матбуоти тоҷик» ном маърӯзаашро ба самъи донишҷӯён расонид.

Қоситова Уғулой омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров бо шогирдонДар чорабинӣ Қоситова Уғулой омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ дар ҳузури шогирдон дар бораи аҳамияти таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, вазифаҳои иҷтимоии рӯзномаву ҳафтаномаҳо изҳори назар кард.  Донишҷӯён ба саволҳои худ аз китобдорон ва устодашон ҷавоб гирифтанд.

Донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи акад. Б.ҒафуровБаргузории ин намоишу суҳбат, ки натиҷаи ҳамкории шуъбаи матбуоти даврӣ ва кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро нишон медиҳад, далели аҳамияти бузурги иҷтимоӣ доштани рӯзномаву маҷаллаҳост.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ