Иброҳимов Иномҷон 1-уми октябри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, солҳои 1963 - 1973 дар мактаби миёнаи №11 –и шаҳри Хуҷанд таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1973 ҳамчун мудири мағоза ӯ дар муассисаи давлатии Роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шудааст. Тирамоҳи соли 1973 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ даъват шуда, то соли 1975 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хизмат кардааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои гуногуни соҳаи таъмини озуқаворӣ ва молҳои ниёзи аҳолӣ фаъолият бурдааст.
Номбурда соли 1989 Техникуми савдои шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ-молшинос бо дипломи аъло хатм карда, дар вазифаҳои гуногун аз рӯи ихтисос кор кардааст. Соли 2014 мудири шуъбаи техникӣ ва механикунонии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таъин шудааст. Аз оғози соли 2015 вазифаи муовини сарвари китобхона оид ба корҳои тиҷорат ва хоҷагиро бар дӯш дорад.
Оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.