Ҳакимова Мунира Бузуруковна 5-уми июли соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст. Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намудааст. Соли 1988 фаъолиятро дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оғоз карда, вазифаҳои гуногун, аз қабили мудири шӯъбаи феҳристнигорӣ, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ва сардори шӯъбаи пуркунӣ ва коркарди адабиётро ба ӯҳда дошт. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намуд. Ҳоло донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаи факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода мебошад.
Аз моҳи марти соли 2014 муовини сарвари Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ маҳсуб меёбад. Номбурда иштирокчии 8-умин конфронси байналхалқии китобхонавии «Иссиқкӯл-2007» мебошад, ки дар шаҳри Чолпон-Атои Ҷумҳурии Кирғизистон доир гардидааст.
Ӯ соли 2009 дар Китобхонаи Ҷумҳуриявии Қазоқистон (шаҳри Алмато) ба омӯзиши соҳаи китобшиносӣ машғул гардидааст. Мавсуф дар якчанд семинар-машваратҳои соҳавӣ иштирок ва суханронӣ намудааст. Ҳакимова Мунира 13-уми октябри соли 2009 ба муносибати рӯзи ҷаҳонии нобиноён аввалин маротиба дар Ҷумҳурӣ хуҷраи махсус ва маркази иттилоотии захиравиро барои нобиноён ва шахсони имконияти биноиашон маҳдуд бо номи «Нури умед» таъсис додааст. Дар озмуни «Беҳтарин мутахассиси сол-2011» ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Соли 2005 ба гирифтани нишони Аълочиии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шудааст. Барои шарҳу тавзеҳи масоили китобшиносӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ мақолаҳои илмию соҳавии Ҳакимова М. интишор гардидаанд. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.