Ҳамробоева Мавзуна Тимуровна 1-уми марти соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1989 ба мактаби миёнаи №19-и шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1999 бо мувафақият хатм намуд. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида, соли 2004 бо ихтисоси филолог, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба итмом расонид.
Соли 2009-ум ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба кор қабул шуд. Сараввал ҳамчун китобдор дар шуъбаи хизматрасонӣ фаъолият намуда, аз моҳи августи соли 2009 саркитобдори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир таъин гардид.
Аз моҳи феврали соли 2014 ба вазифаи сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ гузаронида шуд.
Аз моҳи январи соли 2018 муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ таъин шуд. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.